Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт

АЗ МУАЛЛИФ

Маҷмўае, ки дар даст доред, аз мақолоте фароҳам омадааст, ки дар солҳои гуногун ва дар мавзўъҳои мухталиф таълиф ёфтаанд. Ағлаби мақолаҳо дар байни солҳои 2000 - 2015 ба қалам омадаанд. Бино бар он ки мавзўи мақолот гоҳе ба ҳам қаробат надоранд, лозим дониста шуд, ки маҷмўа дар ҳафт бахш мураттаб гардад: «Масъалаҳои таърихи адабиёт ва сабкшиносӣ», «Ҷусторе дар адабиёти муосир», «Хубони порсигў», «Аз Ховар то Фаранг», «Нақду баррасӣ», «Ёднома» ва «Сафарнома».
Мақолоти дохили бахшҳо на аз рўи тартиби навишта шуданашон, балки тибқи замони зиндагии адибоне, ки дар бораашон сухан меравад, ҷойгузин гаштаанд. Дар оғоз матолиби умумӣ ё масоили назарӣ ва баъдан мақолаҳое, ки ба эҷодиёти як нафар адиб иртибот доранд, ҷо дода шудаанд.
Чунончи, дар бахши аввал, ки «Масъалаҳои таърихи адабиёт ва сабкшиносӣ» ном гирифтааст, пеш аз ҳама ду мақолае дарҷ шудааст, ки барои китоби дарсии «Таърихи адабиёти тоҷик»
барои донишҷўён ба нақша гирифта шуда буд.
Дар солҳои 2005-2006 бо ташаббус ва сарварии академик Носирҷони Салимӣ – собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таълифи китоби «Таърихи адабиёти тоҷик» дар 8 ҷилд шурўъ шуда, нақшаи хеле мукаммал ва муфассали ҳар қисм мураттаб гардид ва ҷахор нафар устодони донишгоҳ, аз ҷумла, профессорон Абдулманнон Насриддинов, Низомиддин Зоҳидов ва камина ба навиштани қисматҳои китоб оғоз кардем. Дар давоми ду сол як қисми кор таҳия гардид, вале, мутаассифона, тақдир муаллифонро пароканда кард ва барои иҷрои ин амри муҳим халал ворид шуд. Аз он бахшҳое, ки ба ўҳдаи ман вогузор шуда буд, лозим дониста шуд, ки мақолоте роҷеъ ба сабки ду давраи адабиёт ба ҳайси намуна дар ин маҷмўа ҷой дода шаванд, зеро масоили сабкшиносӣ солҳост, ки муаллифи ин сатрҳоро гирифтор медорад ва рисолаи доктории инҷониб ҳам, ки соли 1995 дифоъ шуд, «Масоили сабки инфиродӣ ва тамоюлҳои услубӣ дар насри муосири тоҷикии солҳои 60-80-уми садаи бист» унвон дошт.
Баъди анҷоми ин рисола нигоранда бо маслиҳати устодон, хоса бо пешниҳоди профессор Худоӣ Шарифзода таълифи китоби умдаеро бо номи «Сабкшиносӣ» ба нақша гирифт, ки кори он басо сангин буда, ҳанўз идома дорад. Бинобар ин, ду мақолае, ки дар оғози китоб ҷой дода шуданд, қисмате аз ин рисолаи нотамом аст.
Бархе аз мақолоти ин бахш ба сифати пешгуфтори китобҳо навишта шудаанд, аз ҷумла мақолаи «Шеъри оламгири Рўдакӣ» барои маҷмўаи ашъори Рўдакӣ ба се забон (тоҷикӣ, русӣ, олмонӣ), мақолаи «Фахрии Ҳиравӣ ва «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб»-и ў» барои китоби тазкираи «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб»-и Фахрии «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб», «Чанд сухан дар бораи Шаръӣ ва тазкираи ў» барои китоби «Тазкират-уш-шуаро»-и Шаръӣ, мақолаи «Абулфазли Сират ва ҳунари шоирии ў» барои китоби «Девони Абулфазли Сират» ва аз бахшҳои дигар мақолаҳои «Мероси адабии Мастураи Курдистонӣ» барои «Девони Моҳшарафхонуми мутахаллис ба Мастураи Курдистонӣ», «Муколамаи фарҳангҳо дар «Девони ғарбиву шарқӣ» барои маҷмўаи ашъори Гёте ба се забон (тоҷикӣ, русӣ ва олмонӣ) таҳия шудаанд.
Баъзе мақолот ба сифати матни суханронӣ барои конфронсу симпозиумҳо навишта шудаанд, мисли «Партави нубуғ», «Нардбони осмон аст ин калом», «Таъсири сабки ҳиндӣ ба шеъри муосири Тоҷикистон», «Мавлавӣ ва шеъри имрўзи Тоҷикистон», «Таҳаввули шеъри сиёсӣ дар ашъори Мирзо Турсунзода», «Асрори нубуғ», «Паёми наврўзии «Хубони порсигў», «Муруре ба шеъри бонувони суханвар» ва ғайра.
Бахши дувуми китоб, ки масоили адабиёти муосирро дар бар мегирад, ба ҷараёнҳои назму насри имрўзаи тоҷик, ба масоили анъана ва навоварӣ, хусусиятҳои шеъри Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Аҳмадҷони Раҳматзод, Неъмати Оташ, насри Сотим Улуғзода ва Баҳманёр бахшида шудааст.

аз 500
навбатӣ