Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ишқи рўзафзуни Шарқ Гётеро водор кард, ки таҷдидан ба «Муаллақот», «Зиндагии Муҳаммад (с)»-и Элснер, «Қобуснома»-и Кайковус дар тарҷумаи Фон Дитс, «Таърихи адёни форсҳои қадим»-и Томас Хайд, «Таърихи санъати суханварии форсҳо»-и Фон Хаммер, «Расму оинҳои динии форсҳо»-и шарқшиноси франсавӣ А. И. Анкетил Дюперрон, масалҳои Бидпай, рисолаи лотинии Т. В. Ф. Фрейтаг, «Суруди араб», «Грамматика ва хрестоматияи арабӣ»-и мусташриқи гетингенӣ И. Д. Микаэлис ва ғайра рў орад, бо Дитс, Лорсбах, Силвестр де Саси ошноӣ пайдо карда, аз онҳо ба саволҳои худ роҷеъ ба таърих ва тамаддуни Шарқ ҷавоб ҷўяд. Мутарҷими форсии «Девон» Куруши Сафавӣ дар пешгуфтори китоби худ
42 манбаи асосиро, ки Гёте барои сурудани «Девон» ва тадвини ёддоштҳову ҳавошӣ ба кор бурдааст, зикр мекунад.
Соли 1817 ў менависад: «Барои «Девон» ман омўзиши вежагиҳои махсуси Шарқро идома додам ва барои ин кор вақти хеле зиёд сарф кардам. Азбаски ҳунари хаттотӣ дар Шарқ бағоят муҳим аст, шояд ба назари касе ғайриоддӣ набошад, ки ман ҳам ба шўхиву ҳам ҷиддӣ дастнависҳои куҳани шарқиро, ки бароям дастрас буданд, бо диққати тамом ва ба қадри имкон зебо рўнавис кардам ва ҳатто ороиши суннатии онҳоро тасвир намудам» (2, 450).
Аз миёни бузургмардони Шарқ Гёте ҷойгоҳи Фирдавсӣ, Низомӣ, Анварӣ, Румӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Ҷомиро махсус таъкид мекунад.
Ошноӣ бо шеъри форсӣ ҷаҳони маънавӣ ва тафаккури Гётеро батамом тағйир дод, ў дарёфт, ки бидуни шинохти он шеъри ў нокомил мемонд. Дар шахси Ҳофиз Гёте бародари маънавии худро ҷуст ва пайдо кард. Ҳофиз бо тафаккури шарқии худ Гётеро водор кард, ки таърихи Шарқ, забони форсӣ ва қавми эронинажодро дўст дорад ва ба онҳо арҷ гузорад. Бешак, барои як нафари дур аз Шарқ ва бегонафарҳангу ғарбасл ин кори саҳлу сода набуд. Муҳаббати бузург ба Шарқ боиси он шуд, ки Гёте забону хат, расму оин, таъриху сарнавишти миллати моро биёмўзад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор