Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ҷолиб инсони пушти шеъри ўст, ки ғарбист, вале ба самти Шарқ бо дидаи пурмеҳр менигарад ва симфониёи Ғарбро бо мақомҳои шарқӣ омезиш дода, оҳанги полифонӣ дар умқи шеърҳо ба вуҷуд меорад.
Роҷеъ ба имтизоҷи Ғарбу Шарқ дар «Девон»-и Гёте мусташриқи маъруф И. С. Брагинский андешаҳои худро чунин хулоса карда буд, ки «хонандаи зоҳирбини «Девон» шояд тасаввур кунад, ки дар «Девон» чизи ғарбӣ – мўҳтавои он ва шарқӣ – шакли он, яъне, бозии сухан, маҷозу истиораву киноя аст. Дар асл ин тавр нест. Агар ба шакли «Девон» мутаваҷҷех шавем, мебинем, ки дар он хусусияти ғарбӣ камтар аз шарқист: низоми шеър, унсурҳои сурудҳои халқии олмонӣ, образҳои ғарбӣ, бардоштҳо аз устураҳои қадимӣ. Мўҳтавои «Девон» афзунии ғояву муҳокот ва сужетҳои шарқибунёдро собит мекунад» (1, 579).
Чанд нуктаи муҳиме ҳаст, ки ба пайванди бехалали унсурҳои ғарбиву шарқӣ мусоидат кардааст.
Гёте ба маҷмўаи ашъори шарқии худ «Девони олмонӣ»
ном гузоштанӣ буд, бо назардошти он ки «девон» истилоҳи шарқӣ аст ва «олмонӣ» – ҷузъе аз Ғарб. Дар «Девон»-и Гёте қавоиди тартиб додани девон риоя нашудааст. Дар девон, чунонки гуфта шуд, нигоҳ ва дарки шоири ғарбӣ аз Шарқ ба мушоҳида мерасад. Шоир дар сартосари маҷмўа барои баёни матлабҳои худ таносубҳои шарқӣ меҷўяд, чунончи, унвони ҳамаи фаслҳо муодилҳои форсӣ доранд.
Ў худро Ҳотам меномад ва маҳбубаи худро – Зулайхо, ҳарчанд ки ин ду нафар дар адабиёти Шарқ нисбате бо ҳам надоштанд. Зулайхо ба Юсуф, ки хеле ҷавонтар аз худаш буд, ошиқ шуд, аммо таваҷҷўҳи шоирро он нукта ба худ ҷалб кардааст, ки Зулайхо ҷуръате бемисл нишон дод ва бо нерўи ишқи рўзафзун шўҳраи офоқ гардид. Зулайхо тимсоли зебоӣ, тавоноӣ ва ҷовидонагии ишқ, Ҳотам – тимсоли ҷавонмардӣ ва саховатпешагии камназир аст. Ҳотами Гёте барои Зулайхо ба ҳама кор қодир аст ва Самарқанду Бухороро бахшидани Ҳофиз барои як холи ҳинду дар назари ў кам аст. Шояд ҳам ба хотири монанд будани вожаҳои Ҳотам ва Ҳофиз шоири олмонӣ ин исмро писандида бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор