Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рав ба он ҷо, ки бар ниёгонаш
Ҷумларо ҳаст иззату имон.
Ростиро фарохмайдоне,
Бастароҳе ба ҳилаю бўҳтон.
Шеър дорад таҷаддуди ҷовид,
Баски з-аввал шифоҳӣ будаст он (6, 368).
Шеъри Ҳофиз, ба фикри Гёте, намунаи олии шеъри асили Шарқ аст, ки ҷовидона мемонад ва бар дари ҷаннат панҷа мезанад. Зимнан, ҷои таъкид аст, ки дар пиндори шоири олмонӣ шоири ростин бо таровиши табъаш дили мардумро гарм мекунад. Зиндагии ў ҳамарўза мубориза аст, бинобар ин, ҷои ў, бешак, ҷаннат аст. Ин маъниро ў дар силсилаи «Ҳулднома»
низ борҳо таъкид мекунад.
Дар шеъри «Таслим» ишора ба сурае аз Қуръон омадааст, ки «Шарқу Ғарб мутааллиқ ба Худованд аст ва шимолу ҷануб низ». Ўст, ки додгари мутлақ аст ва ҳама резахори хоки адли ў мебошанд. Пас, миёни асмои садгонаи Худованд ўро ба номи «Одил» биситоем. Омин!»
«Одил» низ яке аз номҳои Худованд аст, ки дар китоби муқаддас зикр шуда. Гёте борҳо аз ин китоб истинод меорад ва худро, бино ба фармудаҳои ин китоби муқаддас мусалмон меҳисобад:
Ин ки Қуръон афзал аст бар ҳар китоб, Бовараш дорам, ки бояд ҳар мусалмон (3, 200).
Ин ҷо зикри як нуктаи дигар низ воҷиб менамояд, ки шоирони бузург ба зоҳири фармудаҳои дин камтар таваҷҷўҳ карда, асли Худо ва фармудаҳои ўро беҳтар шинохтаанд. Дар ин росто Мавлавиро метавон мисол овард, ки ҳаргиз инсонҳоро аз ҳам ҷудо намекард. Дар назари ў муҳимтарин матлаб – ягонагии мақсади онҳо – шинохтани Худо ва расидан ба ҳақиқат буд, бинобар ин, ба қавли муҳаққиқон, «агарчи дар аҳком ба ҳам ихтилоф доранд, вале ин, ихтилофи зоҳирӣ сабаби он нест, ки мо миёнаи онон дугонагӣ ва ҷудоӣ тасаввур кунем, зеро мақсуди ҳамаи онон як чиз аст» (8, 101).

пешина
аз 500
навбатӣ