Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ТАРҶУМАИ «ДЕВОНИ ҒАРБИЮ ШАРҚӢ»
БА ЗАБОНҲОИ ТОҶИКӢ ВА РУСӢ

Дар миёни бузургони ҷаҳон, хоса онҳое, ки кохи тамаддун ва фарҳанги башариро обод намудаанд, ҷойгоҳи нобиғаи олмонӣ Иоганн Волфганг фон Гёте (1749-1832) пеши мардуми форсизабон волотар аз дигарон аст. Ин шоири нотакрор ва тозанафас ба хотири муҳаббату дилбастагии содиқона ба сарзамини мо ва ба хотири тадвини аввалин девон – муҳаббатномаи аврупоиён ба Шарқ, бешак, шоистагии онро дорад, ки беҳтар шиносем ва поси хотирашро ба ҷо орем.
Ў буд, ки кашиши ҳамгуни набзи ориёиро дар забони форсӣ нохудогоҳона эҳсос намуд; ў буд, ки дар шахси Ҳофиз бародари маънавии худро шинохт; ў буд, ки ҳама умр бо ташнагии тамом шароби маънавии шеъри форсиро нўшида маст шуд ва ошиқона нағмапардозӣ кард, ў буд, ки аввалин шуда аз миёни аврупоиён гулдастае аз шукуфаҳои гулбоғи илҳоми саршори худ ба ҳам баст ва бо таъзиму тавозўъ ба ворисони ин фарҳанги оламшумул ҳотамона ҳадя кард. Ба қавли адиб ва мутарҷими номвар Шуҷоуддини Шифо, «Девони шарқӣ», ки яке аз олитарин осори шеъру ҳикмати Гёте ва яке аз бузургтарин осори адаби Олмон ва Урупост, воқеан, беш аз он ки мутааллиқ ба Олмон ва Урупо бошад, ба Эрон тааллуқ дорад» (1).
Қиссаи ишқу шефтагии ин суханвари олмонӣ тавассути ҳамин «Девон» дар ҷаҳон паҳн шуд. «Девони ғарбиву шарқӣ», ки аз замони интишор ёфтанаш то имрўз қариб ду аср сипарӣ мешавад, ба кулли забонҳои машҳури олам тарҷума гардид.
Боз ҳам бо истинод ба Шуҷоуддини Шифо ёдовар мешавем, ки забони зиндае дар ҷаҳон нест, ки «Девон» ба он тарҷума нашуда бошад, «ҳатто гоҳ чандин тарҷумаи мухталиф ба як забон аз ин асар мунташир шуда, чунонки дар забони фаронса ин китоб 11 бор аз тарафи ашхоси ҷудогона тарҷума шудааст» (2).
Баробари интишор ёфтани «Девони ғарбию шарқӣ», ки ба соли 1819 иттифоқ афтод, аҳли адаб ва ҳаводорони шеър ба он таваҷҷўҳи махсус зоҳир карданд. Чунонки, дар Русия аллакай дар соли 1820 дар маҷаллаи «Вестник Европы» тарҷумаи ду шеър аз он ба табъ расид.

пешина
аз 500
навбатӣ