Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Дар ашъори дилангези ў ҳузури як ошиқи ҷонбохта, як ҷавони шўху содаи рустоизода, як марди ошиқи ватан – сарзамини беканори рус эҳсос мешавад.
Барои мо, мардуми Шарқ силсилаи ашъори Сергей Есенин «Савтҳои форсӣ» («Персидские мотивы») бо назардошти нигоҳи инфиродии як шоири тавонои рус ба кишвар ва тамаддуни мо аҳамияти вежа дорад.
«Савтҳои форсӣ» дар охирин солҳои зиндагии Сергей Есенин таълиф шуда, ба далели ишораву номаҳои муаллиф, ки 20 шеърро бояд дар бар мегирифт, нотамом мондааст.
Шоир солҳои зиёд бо орзуи дидани Эрон – ватани Фирдавсиву Хайём ва Саъдиву Ҳофиз зиста, 6 бор саъй кардааст, ки ба сафар барояд, вале номаи иҷозат дарёфт накарда, ниҳоят ба Самарқанду Бухоро, Ишқободу Тошканд ва Тифлису Боку сафар мекунад ва «кишвари нилгуни Фирдавсӣ»-ро дар олами хаёл ва дар шеърҳо таҷассум менамояд.
Аммо суоле бармеояд, ки чӣ гуна тухми муҳаббат ба Эрон дар синаи ин шоири рус нумўъ кард ва реша давонд?
Яъне, заминаҳои таълифи «Савтҳои форсӣ»-ро дар куҷо ва чӣ гуна бояд ҷуст?
Ҳамзамонони шоир шаҳодат медиҳанд, ки ў ҷавони пурмутолиа буд ва дар миёни осораш маҷмўаи «Шуарои форс дар асрҳои Х-ХV» дар тарҷумаи академик Корш мавриди таваҷҷўҳи махсус қарор дошт. Дўстон ва ҳамзамонони Есеиин Николай Клюев, Александр Косиков, Василий Наседкин, Вениамин Попов, Александр Ширяеветс, Александр Марингоф, ки бархе шоир ва бархи дигар муҳаққиқони хуби адабиёт буданд, ҳама ба адабиёти Шарқ дилбастагӣ доштанд ва табиист, ки дар сўҳбатҳо Есенин аз онҳо чизе меомўхт.
Бинобар ин, дар осори ғайришарқии Сергей Есенин номҳои Шаҳрзоду Дорову Зардушт ба мушоҳида меоянд. Дар достони «Пугачев», шеърҳои «Оре, кунун қарор шудааст», «Ин кўча ба ман ошност», («Эта улица мне знакома»), «Мо кунун меравем як-як» («Мы теперь уходим понемногу») ва ғайра тасвирҳои шарқӣ хеле равшану маҳсусанд. Аммо таассуроти амиқ ва хотироти ширини шоир аз сафари ў ба Осиёи Миёна шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва Тошканду Ишқобод, ки моҳи майи соли 1921 ба вуқў пайваст, барои таълифи «Савтҳои форсӣ» заминаи асосӣ гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор