Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муаллифон дар сари мақому манзалати шеър дар ҷаҳони муосир андешида, бонги изтироб задаанд, ки дар мамолики пешрафтаи ҷаҳон шеър рў ба нестӣ овардааст. Чунин ҳолат, ба фикри эшон, ҳатто ба ҷумҳурии мо низ, ки коми мардумашро ба шеъри ноб бардоштаанд, таҳдид дорад ва маҳаки интихоби шеър аз ҷониби сарояндагони ҷавон метавонад далели боризи ин гуфтор бошад. Ҳамин эҳсоси хавотирӣ эшонро ба хулосае овардааст, ки омўзиши таҷрибаи таърихӣ ва имтизоҷи анъана чун воситаи тавонои ғанои маънавӣ бояд пазируфта шуда, истиқболи адабӣ боиси тавлиду тазвиҷи шаклҳо ва анвои адабӣ гардад.
Ба ин сабаб аст, тафсири таърихи мухтасари пайвандҳои адабию фарҳангии халқи тоҷик бо халқҳҳои дигар, хоса бо фарҳанги қадимаи Ҳиндустону Хитой, мамолики араб, Юнону Туркия Испанияю Андалусия аз нигоҳи муҳаққиқон басо муҳим аст ва ин пайвандҳо ҳанўз дар асри биринҷӣ барқарор ва мустаҳкам будаанд. Мисолҳои хеле ҷолиб аз умумият ва маншаи ягонаи ҷараёни адабии халқҳои Қавқоз ва форсу тоҷик дарак медиҳанд. Чунончи, аз таъсири падидаҳои фарҳанги эронӣ ба тафаккури халқҳои арманиву гурҷӣ ёд карда, муаллифон андеша доранд, ки «қиссаҳои форсро ба лафзи гурҷӣ» овардани бузургтарин шоири Гурҷистон Шота Руставелӣ бесабаб нест.
Дар асари мазкур ҳамчунин аз барҷастатарин арбобони адабиёт ва фарҳанги ҷаҳон, амсоли Гегел ва Гюго, Гейне ва Рюккерт, Байрон ва Адам Митскевич, Ромен Роллан ва Шарл Огюстен, Юлиан Тувим ва Христо Родевски, Вера Кубичкова ва Йордан Милев, ки аз адабиёти мо баҳра бардошта, бо камоли иродатмандиву ихлос аз намояндагони он ёд кардаанд, сухан рафтааст.
Асноди мўътамад дар бораи нахустин тарҷумаҳои осори Синову Хайём, Саъдиву Ҳофиз, Ҷалолиддини Балхиву Ҷомӣ ба забонҳои Аврупо хонандагонро бо саргаҳи мактабҳои тарҷумониву пайвандҳои адабӣ раҳнамоӣ мекунанд.

пешина
аз 500
навбатӣ