Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ў аз ҷумла чоп шудани осори беарзишу пуч ва барои ҷомеа зараровару завқкуш ва китобҳои пурғалати ашхоси соҳибмансабу серпул «ба хотири худнамоиву адибтарошӣ ва қаҳрамонтарошӣ» ва чандин падидаҳои номатлуби дигарро низ таъкид мекунад. Ба андешаи муаллиф, чоп шудани асарҳои хоми нависандагон бо имзоҳои мустаор ё таҳриру таълифи осори «адибтарошон» аз ҷониби онҳо ба хотири рафъи ниёзҳои моддӣ, ба ҷои тасвир бештар ҷой доштани нақл дар қиссаву романҳо, образҳо ва сужетҳои нокомил, ғояҳои маҳдуди синфӣ ва ғайра аз он доғҳое ҳастанд, ки оинаи насри имрўзро хира мекунанд.
Дар ҷилди аввали китоб муаллиф дар бораи насри шоиронаи Гулназар, масоили иҷтимову ҷустуҷуҳои ахлоқӣ, мавзўи ишқу осори ҳаҷвии адиб ва сабки нигориши ў сухан ба миён оварда, бо таҳлилу баррасии дунёи мунаққаши қиссаҳои Абдулҳамиди Самад ин қисмати асари сегонаи худро ба поён мерасонад. Он нукта ҷолиб аст, ки муаллиф бо таҳлили осори ин адибон маҳдуд нашуда, ин осорро дар тарозуи беҳтарин адибони ҷаҳон бармекашад ва муҳимтарин хусусиятҳо ва дастовардҳои онҳоро бо таълифоти ин адибон дар паллаҳои қиёс мегузорад. Ҳамин тарзи таҳқиқро дар мавриди таҳлили ҳикояҳои Гулназар ба хубӣ мушоҳида мекунем, зеро муаллиф монандии онҳоро бо ҳикояҳои А. П. Чехов, Михаил Зощенко, Ҳаким Карим аз назари мўҷазбаёнӣ ва ибратбахшӣ, инчунин тарҳбандии сужету қисмати интиҳои асар ба мушоҳида гирифта, ҷузъиёти бадеии онҳоро бо сабки нигориши Гулназар муқоиса мекунад ва ба натиҷаҳои ҷолиб мерасад.
Ҳамин тарзи таҳлилро муаллиф дар ҷилди дувуми асар, ки бо таҳқиқи насри Меҳмон Бахтӣ оғоз меёбад, низ идома дода, осори ин нависандаро бо асарҳои мушобеҳ аз лиҳози мавзўъ, ки дар собиқ кишвари шўравӣ ба ҳайси беҳтарин намунаҳои наср эътироф шудаанд, ба доираи баҳс мекашад. Чунончи, дар фасли «Қиссаи диловарию ватанхоҳӣ» ҳини баррасии қиссаи «Се соати маргбор»-и Меҳмон Бахтӣ муаллиф аз осори нависандагони маъруф К. Симонов, С. Семёнов, Ю.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор