Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

саг валангидани ӯ мегурранд ва савор ҳамчунон сӯйи онон тир партоб менамояд. Дар ин асно чанд сарбоз майдонро муҳосира мекунанд. Ғизол ҳамчунон орому ром аст, як гом-як гом ба сӯйи савор меравад. Аз захми суринаш хун метаравад. Савор тир ба тиркаш мегузорад ва хитоб ба сарбозон мегӯяд.

Исмоил: Ин дуро зинда бигиред!

Ва аз асп ба зер меояд ва ба истиқболи ғизол меравад. Ғизол ҳамчунон орому бепарво ба савор менигарад. Паси гарева магал мехезад. Сарбозон гургонро зинда шикор мекунанд.

Исмоил дар гӯшае аз ин ғавғо ба ҷароҳати оҳу марҳам мегузорад ва ҳини ин амал байтеро дар тавсифи ҳоли оҳу замзама мекунад, аз рафтори ӯ чунин бармеояд, ки ӯ бо сайди захмӣ сухан мегӯяд.

Исмоил: Оҳуи кӯҳӣ дар дашт чӣ гуна давадо,
Ӯ надорад ёр, бе ёр чӣ гуна бувадо...

Хуршед то ба ним бар сари гаревае фурӯ рафта буд. Аз паси гареваҳо асирон ва баъд сарбозони савора намудор мешаванд.

Исмоил: Зуд бошед. То ба мағриб бояд ба ободие расем... Ин куффор, ки рӯзадор нестанд, пас иллати коҳилӣ чист? Зуд бошед! Намози шом мерасад.

Сарбозҳои савора тозиёнаро болои сар чарх мезанонанд. Асирон бо ҳарос сареътар ҳаракат мекунанд ва бӯзинае аз китф ба китфи асирон ҷаҳида шабушк меҷӯяд. Исмоил ба ин манзара хира мешавад ва дар ҳолате, ки меандешад дар лабонаш табассум ҳувайдост. “Ин шабушкхӯрҳо одамҳуй шудаанд!”

Ва оҳу гирди Исмоил мечархад, дастҳояшро мебӯяд. Исмоил гоҳ аз гоҳ пушти оҳуро сила мекунад. Ду сарбоз аз байни асирон чаҳор нафарро ҷудо карда, гургони бастаро ба китфи эшон мегузоранд. Исмоил ба аспи хеш савор мешавад. Оҳу дунболи аспи Исмоил меояд.

Хуршед дигар дар паси гареваҳо билкул пинҳон шуда буд ва фақат домони осмон сурхӣ мекард.

САМАРҚАНД

Кушки Исмоил. Боғ.
Намуди умумии шаҳр. Кушку қасрҳо, кӯчаҳои сангфарш.

пешина
аз 675
навбатӣ