Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
арабӣ аслӣ насабе сирф арабӣ пайдо кард.
Умар: Юсуфи Сагзӣ аз хатти муаккалӣ қалами “ҷалилӣ” ва “сулсайн”-ро истихроҷ кард. Ба қавле хатти “ҷалилӣ” падари тамоми аклому хутути исломӣ аст. Ва то ба имрӯз роиҷ аст. Ҳатто ин қалам ҳам ёздаҳ ҳарфи худро аз диндабира айнан гирифтааст. Ба қалами Дебоҷ низ аз ин хат истихроҷ шудааст.
Исмоил: Ба ин қалам то ба ҳол аз тарафи хулафо бар тӯморҳои комил ба подшоҳони рӯйи замин нома менависанд... Қиссаи ин хатти арабӣ ба мисли қиссаҳои “ҳазор достон” аст: Сиҷалоту тӯмори кубро... ҳамаш аз мост, вале ба номи қавму миллати дигаре...
Муҳаммад бинни Нӯҳ: Борҳо аз қавли амми бузургам шунида будам, ки мегуфтанд: Пайғамбари худо фармудааст, ки “агар илм дар сурайёст ба он фақат эрониён даст меёбанд”. Ва ба фахру шодӣ аз корнамоиҳои Салмони Форсиву Имом Ҳанифа сӯҳбат мекарданд.
Исмоил: Дуруст, падари бузургворам ҳамеша аз гузаштагони таърихи Эронзамин ифтихор доштанд ва таъкид мекарданд, ки Афшину Мозиёр ва ҳатто Бобаки Хуррамдину Муканнаъ бо роҳи хато рафтанд.
Умар: Яъне...
Исмоил: Яъне мебоист тамоми ибтикороти хешро бо номи хилофату мазҳаб анҷом медоданд. Он гоҳ метавонистанд шукӯҳи ҷалолати аздастрафтаи Эронзаминро боз гардонанд. Ба ин васила метавонистанд дасту пои аъробу атрокро аз ин кишвар қатъ кунанд. Имрӯз муассиртарин омил боз ҳамон аст, ки мо фитрати азалии хешро дар ривоҷи илму фарҳанги хеш ба кор андозем. Фақат ин қудратро мебояд ба як марказ ҷамъ овард.
Ҳоҷиби Кушк меояд. Ӯ як турки навҷавон аст. Таъзим мекунад.
Ҳоҷиб: Қосиди амми бузург Наср бинни Аҳмад бор мехоҳад.
Исмоил: Бигӯ, дарояд.
Ҳоҷиб дар ҳамон ҳоли таъзим кардан паснокӣ аз лаби ҳавз дур мешавад. Исмоил ба суханаш идома медиҳад:
- Вале ба кадом роҳ ва дар чӣ сурат. Дар вазъи мавҷуд ин амалро баровардан имконпазир нест. Яъкуби Лайс дар Сиистону Кирмону Форс меҷангад. Алавиён дар Гургону Табаристон, Абуубайда Муҳаммади Афшин дар Арманистону

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё