Тифли дарё (Муродалӣ Собир)

Ин китоб аз шеърҳои тарбиявӣ ва омӯзгорӣ барои кӯдакон иборат аст. Шеърҳо ба хондани китоб, эҳтироми калонсолон ва дӯст доштани Ватан даъват мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 8 саҳифа
НАМУНА
Дар мактабу дар хона
Аз таҳти дил мехонам.
Ҳама гӯянд офарин,
Ман дарсамро медонам.
Узви маҳфили мактаб
Мебошам ман доимо,
Савол диҳад муаллим,
Ҷавоб диҳам ман бурро.
То ки бошам ман доно,
То нагӯянд нокобил,
Китобамро кушода,
Мехонам аз таҳти дил.
ОДОБИ МАКТАБХОН
Хоҳӣ мактабхон бошӣ,
Дар барат бошад китоб,
Толиби илму фан шав,
Камтар бикун хуфту хоб.
Аз пешат гузар кунанд
Гар мардуми хосу ом,
Пеши бар бурда ду даст
Бидеҳ ба онҳо салом.
Шаъни диёри худро
Хоҳӣ намой баланд,
Коре бояд намой,
Ба ҳама ояд писанд.
Рафтор бошад намуна,
Гардад шоёни таҳсин.
Аъло хонӣ мактабро,
Ба ту гӯянд офарин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё