Бибигамбусак

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ мебошад, ки барои кӯдакон пешбинӣ шудааст. Он саргузашти ҷолиби қаҳрамони асосиро бо расмҳои рангин нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 6 саҳифа
Будааст-набудааст, як Бибигамбусак будаасту дар таги як девори кӯҳна хона доштааст. Вай рӯз то бегоҳ дар кунҷи хонааш танҳо менишастаасту хафа мемондааст.
«То кай ман ин хел танҳо зиқ шуда мешинам?» — гуфтааст як рӯз худ ба худ Бибигамбусак ва аз хонааш баромада, аз байни сангу кулӯх, чӯбу алаф гузашта рафтан гирифтааст. Рафта истода будааст, ки аз пешаш Қурбоққа баромада мондааст.
Қурбоққа Бибигамбусакро дида, пурсидааст:
— Вак-вак, ҳа, Бибигамбусак, куҷо меравӣ?
— Танҳоӣ ба дилам зад, — гуфтааст Бибигамбусак, — дӯсткобӣ меравам.
— Биё, дӯсти ман шаву мон! — таклиф кардааст Қурбоққа. — Ту ҳамроҳи ман хафа намемонӣ, зиқ намешавӣ, ҳар вақт, ки қаҳ-қаҳ зада суруд хондам, ҳама ғаму аламат баромада меравад.
— Майлаш, ман розӣ! Лекин гӯй, ки агар ягон вақт қаҳрат омада монад, чӣ мекунӣ? — пурсидааст Бибигамбусак.
— Қаҳрам биёяд, — гуфтааст Қурбоққа чашмҳояшро ало карда, — аз поят кашида, ба об ғарқ мекунам.
— Не, не, озораму безорам, тоқати ин хел дӯст надорам, — гуфтааст Бибигамбусак ва ба роҳи худ рафтан гирифтааст. Рафта истода будааст, ки аз пешаш Хорпуштак баромада мондааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё