Зеҳн
Бибигамбусак

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ мебошад, ки барои кӯдакон пешбинӣ шудааст. Он саргузашти ҷолиби қаҳрамони асосиро бо расмҳои рангин нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 6 саҳифа

АфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

Баъд Мушак ӯро бо иззату ҳурмат ба хонааш гирифта даромадаасту ҳар ду дӯст шуда, зиндагӣ карда гаштаанд.

Мушак ҳар рӯз кӯлбор ба пушт ва асо ба мушт гирифта, рафта, хӯрданиҳои бомаза ёфта меомадасту дари хонаашро тик-тик карда мегуфтааст:
Дӯстаки меҳрубонам,
Хушдилу хушзабонам,
Мағзу мавиз овардам,
Ҳар гуна чиз овардам,
Тезтар ин ҷо бароед,
Дарро ба ман кушоед.
Бибигамбусак ин гапро шунида, тохта мебаромадасту дарро кушода, чизҳои овардагии Мушакро бурда ҷо ба ҷо мекардааст. Баъд ҳар ду то рӯзи дигар ҷак-ҷаку гапзанон карда менишастаанд.

пешина
аз 6
навбатӣ