Зеҳн
Латифаҳо

Ин китобча маҷмӯаи латифаҳои кӯтоҳу хандовар барои кӯдакон мебошад. Дар он ҳикоятҳои шӯхиомез оид ба мактаббачагон ва воқеаҳои гуногуни рӯзмарра ҷамъ оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 15 саҳифа

ЛатифаКӯдакон
Аз аввал хондан

Пеш аз қонун

Муаллим:

  • Курраи замин қувваи бузурги кашиш дорад ва ин қувва қонуни ҷозибаи замин номида мешавад. Маҳз ҳамин қонун маро дар рӯи замин нигоҳ медорад.
    Талаба:
  • Пеш аз қабул шудани ин қонун мардум худро дар рӯи замин чӣ тавр нигоҳ медоштанд?

Такрор намешавад

Муаллим:

  • Чаро ба дарс дер омадӣ?
    Ҷонӣ:
  • Гардан ва гӯшҳоямро шустам. Қавл медиҳам, ки ин кор дигар такрор намешавад.

Саги зарбулмасалдон?

Рӯзе падараш Семро барои сайругашт бурд. Ногоҳ саге аз сари роҳи онҳо аккосзанон баромад. Сем хост, ки гурезад, аммо падараш ӯро шердил карданӣ шуда гуфт:

  • Натарс. Магар зарбулмасали «Саге ки аккос мезанад, намегазад»-ро нашӯнидай?
  • Ин зарбулмасалро ману шумо медонем, падарҷон, лекин ана вай саг ҳам медониста бошад?
пешина
аз 15
навбатӣ