Зеҳн
Ғунҷишки дидбон

Ин китоб асари нависандаи бузурги рус Лев Толстой буда, барои хонандагони наврас ва кӯдакон пешбинӣ шудааст. Он ҳикояҳои тарбиявӣ ва омӯзандаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 4 саҳифа

КӯдаконАдабиёт

ГУНЧИШКИ ДИДБОН

Гунҷишкчаҳо дар боғ, дар қад-қади роҳ ҷасту хезкунон бозӣ мекарданд.
Онагунҷишк бошад, дар шохи баланди дарахте нишаста ҳушзёрона нигоҳ мекард, ки мабодо аз ягон ҷо паррандаи даррандае пайдо шуда намонад.
Қирғии тезчанголе дар атрофи боғ парвоз мекард. Вай душмани қаттоли паррандагони майда мебошад. Қирғӣ оҳиста ва бесадо парвоз мекард.

Аммо гунҷишки пир ғоратгарро дид ва ӯро поидан гирифт.

Қирғӣ ба гунҷишқҳо наздик мешуд.

Онагунҷишк бо овози баланди пурҳавотир чириқ-чириқ кард ва ҳамаи гунҷишкҷаҳо якбора дар зери буттаҳо пинҳон шуданд.

Ҳама ҷоро хомӯшӣ фаро гирифт.

Фақат гунҷишки дидбон бар шохи дарахт менишаст. Вай намеҷунбид ва чашмонашро аз қирғӣ намеканд.

Қирғӣ онагунҷишкро дида, қанотҳояшро афшонду чанголҳояшро калон кушода тирвор ба поён парвоз намуд.

Гунҷишк бошад, зуд тир барин худро ба буттазор зад.

Қирғӣ бе ҳеҷ чизе монд.

Вай ба атроф нигоҳ мекард. Паррандаи хунхор ба ғазаб омада буд. Чашмони зардчатоби вай лаҳча барин медурахшиданд.

Даранда як бол афшонду парида рафт. Гунҷишк боз дар болои ҳамон шохча нишаста хурсандона чириқ-чириқ кардан гирифт.

Гунҷишкҷаҳо ҳам бо шавқун чириқ-чириққунон аз зери буттаҳо баромаданд ва дар болои роҳ бозӣ кардан гирифтанд.
Сагбачаҳои Розка¹ дар рӯи ҳавлӣ, дар байни пахолҳо буданд. Розка ба ким-куҷо рафта буд. Бачаҳо омада яке аз сагбачаҳоро гирифта, ба болои печка бурда монданд. Розка омада, бачаашро наёфт ва уллос кашид. Сонӣ онҳоро ёфт ва дар пеши печка омада, уллос кашидан гирифт. Бачаҳо сагбачаро аз болои печка гирифта, ба Розка доданд. Розка онро ба даҳонаш гирифта, ба ҷои пештараашон бурд.

1 Розка—номи саг.

аз 4
навбатӣ