АХТАРОНИ АДАБ

Хизматгори Ҳоҷидомулло дастархон овард. Муллосафар пораи нонеро дар асал ғӯтонда ба даҳонаш андохта, чойи гармро бешитоб пуф карда оҳиста–оҳиста ҳӯрт кашида, ба андеша рафт.
– Мебинам, ки ту мутараддид ҳастӣ, Муллосафар, – гуфт Ҳоҷӣ Яъқуб. – Наход ки ба сухани ман бовар накунӣ?
Муллосафар ҳамоно сукут мекард, Ҳоҷӣ бо қиёфаи ҷиддитар боз гуфт:
– Наход, ки ман ба ҳамин риши сафедам аз барои як нафар ёғии осӣ дурӯғгӯй шуда, имонамро доғдор кунам?
– Ман аз шумо сухане шунидам, ки домулло, гарчанде сухани ҳақ бошад ҳам, ақли одамӣ онро ба тезӣ ахз намекунад. Дар ҷавобаш одам бояд тааммул кунад. Аммо... зотан... ман бовар кунам ё накунам, чӣ суд?
– Чӣ суд?–худро аз ин сухани ҳариф бағоят ҳайрон нишон дода гуфт мударрис. – Охир, ту ҷойи пинҳоншудаи Восеъро медонистаӣ, пас метавонӣ якбора мушкили ӯро ҳам, мушкили ҳукуматро ҳам осон кунӣ. Магар ин суд нест?
Муллосафар ҷавоб надод, сукут кард, мударрис суханашро давом дод:
– Агар ту ба дӯстат Восеъ некӣ мекунам гӯӣ, ӯро ба таслим шудан розӣ мекунӣ...
– Вай таслим намешавад, – зуд ҷавоб гардонд Муллосафар.
– Гуфтаҳои маро, амри ҷаноби олиро ба вай рафта фаҳмонӣ, бояд розӣ шавад.
– Розӣ намешавад.
– Ту аз куҷо медонӣ, ки розӣ намешавад?
– Медонам, дониста мегӯям.
– Ин тавр бошад, ба фоидаи худи Восеъ ӯро бо зӯрӣ гирифтан лозим, вагарна ӯ нобуд мешавад. Маҳв мешавад!
Ту тезтар ҷойи пинҳоншудаи ӯро маълум кун, – хоҳӣ ба ман гӯй, ман аз ҷониби ту фавран ба ҷаноби ҳоким арздошт мекунам, нахоҳӣ – худат ҳозир ба ҳокимхона рафта маълум кун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор