АХТАРОНИ АДАБ

Мударрис баъди дошта додани Восеъ ҳадяву инъоми фаровони аз ҳоким мегирифтагиашро тасаввур карда, дарунакӣ шод гардид. Ӯ шубҳа надошт, ки акнун Муллосафар сирро ба вай ошкор хоҳад кард.
Муллосафар нохост ба ӯ гуфт:
– Қасам хӯред, ба дурустии қавлатон қасам хӯред.
– Қасам хӯрам? Маълум мешавад, ки ту ҳанӯз ҳам ба сухани ман...
– Қасам хӯред, баъд тамоман бовар мекунам, – гапи мударрисро бурид Муллосафар. – Суханатон рост бошад, аз қасам чӣ метарсед?
– Агар дурӯғ гуфта бошам, ба ғазаби Худо гирифтор шавам, – қасам хӯрд мударрис. – Мана. Акнун бовар кардӣ?
Муллосафар акнун ба вай бовар карда бошад ҳам, боз дудила буд, дармонд, ба гуфтан забонаш намегашт. Аммо мударрис гӯё аз гиребони ӯ сахт гирифта буд ва сар намедод:
– Гап зан охир, номусулмон, чӣ боз дамат ба дарун ғалтида монд?!
– Ман... чӣ гӯям?
– Ту чораи халосии ҷони дӯстат Восеъро пурсидӣ, ман ба ту гуфтам. Чораи дигар нест. Дигар ихтиёр ба худат.
– Восеъро... дар Гулдара, паси обпар, – «кафид» ниҳоят Муллосафар ва ҳамон лаҳза кафи дасташро ба синааш пахш карда ба паҳлу хам шуд: дили ӯ тоб хӯрда дард гирифта буд...
Дар вақте ки Муллосафар дар Балҷувон бо Ҳоҷӣ Яъқуб гуфтугузор дошт, Восеъ дар Ховалинг аз душманонаш интиқом мегирифт.
Давлат Айюби ховалингӣ аз ҷумлаи шӯришгарони баъд аз мағлубияти болои Хуроб парокандагашта ин дафъа сию ду нафар саворони ғаюри бебокро аз гирду атроф ҷамъ карда ба Сари обпар оварда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор