Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт

СУХАНЕ ЧАНД ПИРОМУНИ
РЎЗГОР ВА ОСОРИ МАВЛОНО РУМӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ»
таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.
Баъди ин мулоқот бори дигар китоби «Ҷалолиддини Румӣ»-и Радий Фишро мутолиа кардам ва қарор додам, ки дар бораи зодгоҳи аслии Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ мақолае нависам.
Хушбахтона, «Девони кабир»-и Ҷалолиддини Румиро дарёфт кардам, ки дар Эрон нашр гардида буд. Муаллифи пешгуфтори ин китоби арзишманд донишманди маъруфи эронӣ доктор Бадеъуззамон Фурўзонфар, ки беш аз чиҳил соли ҳаёти худро ба таҳқиқи зиндагӣ ва осори Ҷалолиддини Румӣ бахшидааст, қайд мекунад, ки Мавлоно на аз Рум, на аз Балхи Афғонистон, балки аз сарзамини Вахши Тоҷикистон аст. Банда дар асоси гуфтаҳои доктор Фурўзонфар ва Радий Фиш мақолае навишта, дар рўзномаи вилоятии «Навиди Вахш» чоп кардам, вале, мутаассифона, дар ин бобат дар даврони шўравӣ гўши суханшунав ва дидаи эътибор набуд.
Боиси хурсандию ифтихор аст, ки тайи даврони Истиқлоли давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Туркия сафари расмӣ анҷом доданд ва зимни сафар турбати Мавлоно Румиро дар шаҳри Қуния зиёрат намуданд. Маҳз бо пешниҳод ва ташаббуси фарҳангдўстона ва наҷиби Сарвари давлатамон моҳи сентябри соли 2007 800- солагии зодрўзи шоир ва мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар кишварҳои Туркия, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон бо шукўҳ таҷлил карда шуд. Ин санаи муҳим ва фархунда дар тамоми нуқоти олам бо қарори Юнеско таҷлил гардид.
Ин ҷо мехоҳем, ки бори дигар бо овардани далелу бурҳони илмию таърихӣ зодгоҳи аслии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ будани водии зарнисори Вахши Тоҷикистонро таъйид ва таъкид намоем.
Бояд гуфт, ки Вахшонзамин таърихи хеле ғанӣ ва бостонӣ дорад. Агар иҷмолан ба таърихи ин сарзамин нигарем, возеҳу равшан дида метавонем, ки ин пораи хоки аҷдодии тоҷикон саҳифаҳои рангин, фоҷеаомезу пурифтихореро дорост.

аз 298
навбатӣ