Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Донишманди тоҷик Хуршед Зиёев таҳти унвони «Дурахше аз Вахш» дар бораи зодгоҳи аслии Мавлоно Ҷалолиддин будани Вахшонзамини тоҷикон дар рўзномаи «Ҷумҳурият» (26 июли соли 2007) мақолаи пурарзише ба табъ расонид. Дар он зикр ёфтааст, ки тибқи гуфти падари Мавлоно Баҳоуддинвалад дар китобаш – «Маориф», ў солҳои 1203-1210 милодӣ бо аҳли хонаводааш дар сарзамини Вахш иқомат доштааст. Дар ин давра писараш Ҷалолиддин дар Вахшонзамин таваллуд меёбад. Вай дар соли таваллуди писараш воизи яке аз масҷидҳои он будааст. Аз ҳамин ҷост, ки Баҳоуддин дар асари худ чандин бор аз диёри Вахш ёд кардааст. Аз ҷумла дар ҷилди аввали ин асар ў дар бораи фаъолияти худ дар ин водӣ сухан мегўяд. Дар ҷилди дуюми асараш ин мутафаккири бузурги тоҷик муноқишаҳои байниҳамдигарии донишмандони ин мавзеъ ва аз тарафи Ғўриён тасарруф шудани Вахшонзаминро дар қарни шашуми ҳиҷрӣ зикр кардааст. Дар охири иқоматаш дар ин мавзеъ ва пеш аз тарки он вай менависад: «Ба дилам омад ба Вахш, ки чӣ гуна дигарон ба Самарқанду Бағдоду Балх ба шаҳрҳои ҷалил мебошанд ва ман дар ин кунҷе монда?»
Хуршед Зиёев дар мақолаи худ афзудааст, ки ҳанўз солҳои сиюми садаи гузашта олими рус В.А. Гордлевский Ҷалолиддини Румиро ҳамчун зодаи Осиёи Миёна зикр карда буд. Дар солҳои минбаъда низ муҳаққиқон ба масъалаи муайян сохтани зодгоҳи Мавлоно машғул гардидаанд ва яке аз навтарин таҳқиқот дар ин самт ба қалами пажўҳишгари амрикоӣ Франклин Луис тааллуқ дорад. Барои исботи он ки Вахш зодгоҳи Мавлоно аст, Франклин Луис чанд далел меоварад. Аввалан, маълумоти тарҷумаҳолиро, ки дар китоби «Маориф»-и Баҳоуддинвалад зикр шудааст, таҳлил намуда, менависад:
«Баҳоуддин шояд дар Балх таваллуд шуда бошад, вале ҳадди ақал байни моҳҳои июни соли 1204 ва соли 1210 милодӣ, дар давроне, ки Румӣ таваллуд шудааст, Баҳоуддин дар хонааш дар Вахш иқомат дошт.

пешина
аз 298
навбатӣ