ЗАН ВА ДЕВ

Ӯ дод мегӯяду дасташро аз писарча мегирад. Аз Осмон аз фариштаҳои Зебоӣ садо меояд, ки мегӯянд: – Эй Деви бадкина, дигар ба ин зан наздик нашав! Зебоӣ танҳо ба занҳо мансуб аст. Ту, ки пеши Худованд гуноҳ дорӣ, туро Худо ҳамин хел сиёҳе безеб кардааст. Рав, аз паи шустани гуноҳҳоят шав!
– Охир, ман чӣ гуноҳ кардам? – пурсидааст Дев.
– Ту бераҳму дилозор, ғоратгару муфтхӯр ва дузду нобакор ҳастӣ. Рав, тавбае куну худро ислоҳ намо.
Шояд Худованд ба ту ҳам зебоӣ бахшад, – гуфтаанд фариштаҳо.
Дев ноилоҷ ба макони худ парида меравад. Модар аз хурсандӣ писарчаашро оғӯш карда мебӯсаду боз ҳам зеботар мешавад.
Ана аз ҳамон замон занҳо чун мардҳо боқувват нестанд, вале бисёр меҳрубонанд. Барои ҳамин фарзандони ҷонам, агар ягон занеро бинед, ки дар дасташ бор дорад, ҳатман ба ӯ ёрӣ расонед. Ё пиразане, ки базӯр мегардад, зуд ба ёриаш шитобед, зеро занҳо барои фарзанд ҷони худро нисор мекунанд, то фарзандон солиму боқувват ба воя расанд. Ба модар меҳрубон бошед ва бо садои баланд гап назанед.
Умуман, бо садои паст гап задан нишонаи маданияти инсон аст, аз ин рӯ ҳурмату эҳтироми чунин одам баланд аст. Агар ҳар касе ин насиҳатҳои маро ба гӯш гирад, хушбахту баобрӯ мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё