ЗАН ВА ДЕВ

– Аҷабо, ту чӣ хел забони ӯро фаҳмидӣ? – хандида суол кард падар. Умеда сангпуштро рӯи каф гирифта пеши падар омад.
– Ана нигоҳ кунед, тахтапушташ кӯрпачаи қуроқии бибиам дӯхтагӣ барин. Дадаҷон, акнун ӯ дар куҷо зиндагӣ мекунад?
Падар ду қуттиро гирифту онҳоро бо ҳам пайваст хоначае сохта, ба сангпушт ҷои зисти нав тӯҳфа кард.
Умеда соатҳо назди хоначаи сангпушт нишаста, аз хаёлоти худ лаззат мебурд ва ин хаёлот ӯро ба олами афсонаи нав мебурд.
Боре ӯ тасаввур кард, ки хоначаяки сангини сангпушт чун зинапоя то осмон бардошта шуд ва ӯ бо ин зинапоя боло баромад. Пас ба назди киштии ҳавоӣ парвоз карда омад. Дар даруни вай писарчаҳои хурд-хурд нишастаанд. Дар сарашон тоқиҳои гулдӯзии ситорашакл. Вале як писарчааш тоқӣ надошт. Мӯйҳояш ҷингила буд. Шояд тоқияшро шамол бурда бошад. Умеда ба сӯи ӯ дасташро дароз кард. Писарча ба оғӯшаш омада гуфт, ки «Ман додарчаат мешавам». Умеда хурсанд шуда ӯро ба хонаашон овард ва дар катчаи хурдакакаш ҷой дод.
Баъд аз гулҳои гулзорашон як даста гул гирифта, боз тозон бо ин зинапоя ба боло баромад. Ин гулҳоро ба бачаҳои киштӣ тақдим кард. Онҳо гулҳоро як бӯ карда, ба ҳар сӯ пош доданд. Гулҳо ба шаҳпаракҳои рангоранг табдил ёфтанд. Думчаҳояшон бошад, ба асбобҳои гуногуни мусиқӣ. Дар фазо мусиқӣ садо дод. Шаҳпаракҳо давра-давра алвонҷ хӯрда, ба рақс даромаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё