МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Старшина ҳатто нигоҳ накарда пушти даст тела дод:
«Ин ҳаром… бушлати ту худат барин ҳаром…»
Бедандон чизе нагуфт. Лекин сахт кина гирифт: «Баройи як конфет-а?» Пурсид аз худ.
«Старшина, бисёр хафа нашав, ман ба хона менависам, тонна-тонна конфет мефиристанд.»
– Он вақт ба сарат мезанӣ. Ба қисм, ки расидем, ҳама сер мешаванд. Касе ба конфет нигоҳ намекунад. Ҳозир лозим, ҳозир…
– Хайр, чӣ кор кунам? Худамро дарронам? Чок кунам?
Ина, биё! Чок бикун! Ҳама халос мешавем.
– Вай аллакай ҳазм шуд, дар заводи ту.
– Не. Ҳоло об нашудааст. Ба ҳурмати Худо, дар куҷойи рӯдаам андармон шуд, часпид. Сӯрох карда мебароям, мегӯяд. Сабр кунед, худам мебароям, мегӯяд.
– Боз забон дорад, гап мезанад, масхара мекунад.
Таллоғу… Заҳри баданат.
Гарчӣ ҳавои бордони мошин сард буд ва ба ҳавойи даҳони онҳо заҳраш намешикаст, бедандон бушлатро напӯшида рӯйи зонуҳояш гузошт ва баъдтар зери пой ғалтонида, ҳамроҳи кордчайи таги мӯза пинҳон кардааш бардошт.
– Рафиқ старшина! – дод зад нафаре.
Бедандон гумон кард, ки кордча бардоштани ӯро дида ба вай хабар медиҳад. Шах шуд: «Яқин, дигар ҷойи раҳойӣ нест».
Старшина шишайи назди даҳон овардаро пас бурд:
– Чӣ мегӯйӣ?
– Пайтоба мешавад? Пайтоба?
– Ҳаром!
Ва шиша зер рафт. Пиндоштанд, ки шиша аз дасти старшина афтида, шароб мерезад, баробар дод заданд: «Эй!!!»
Вале старшинаро даст ҳам баробари шиша хамида буд.
Шишаро дар дасти ӯ дида баробар нафас бароварданд: «Оооо!!!»
– Кори безеб мекунӣ, старшина. Дами арақ баромад. Маззааш гурехт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё