Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Шеърҳояш ба англисӣ, фарансавӣ, немисӣ, намунаҳои ашъор, драма ва мақолаҳояш ба забонҳои халқҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тарҷума ва чоп шудаанд. Худ низ дер боз фаъолона тарҷума мекунад. Китобҳои зерини тарҷумааш ба табъ расидаанд: Мирослав Валек (Словакия). «Маҳруми ишқ» (ҳамроҳи Бозор Собир), нашриёти «Ирфон», 1986; Габриела Мистрал (Чили). «Анвори тирамоҳ»
(ҳамроҳи Гулрухсор Сафиева), нашриёти «Адиб», 1988; Чингиз Айтматов (Қирғизистон). «Пораабри сафеди Чингизхон» (қисса), нашриёти «Адиб», 2004, 2014; Юстинас Марсинкявичус (Литва).
«Девор», нашриёти «Адиб», 2005; Сооронбой Жусуев (Қирғизистон).
«Қанот ва Заррина» (достон). Бишкек, нашриёти «Бийиктик», 2004; нашриёти «Адиб», 2014; Ли Чжаосин (Чин). Саду шаш барг (ҳамроҳи Гулназар Келдӣ ва Саидалӣ Маъмур). «Адиб», 2006; Александр Вампилов. Пйесаи «Хонае дилкушо тирезаҳояш во сўи саҳро» (дар маҷмўаи «Шикори мурғобӣ», нашриёти «Адиб», 2008); Жаниш Қулмамбетов. Драмаи «Чингиз ва Бибисоро». (дар маҷмўаи «Ман қотилам», нашриёти «Истеъдод», 2012); «Чор қулла» (драмаҳои манзуми Софокл, Готси, Шекспир, Брехт), нашриёти «Адиб», 2012, Олжас Сулаймонов. «Эй Замин, таъзим кун бар одамин!» (маҷмўаи ашъор ва достон), нашриёти «Адиб», 2006, 2016, «Садои дил зи ҳар манзил» (тарҷумаи намунаҳои шеъри ҷаҳон), нашриёти «Адиб», 2018, Габриэл Гарсиа Маркес «Тафсилоти як марги эълоншуда» «Адиб», 2020.
Ғайр аз ин, бисёр шеър ва силсилашеърҳои шоирони замону маконҳои гуногунро тарҷума кардааст. Як қисми пйесаҳои тарҷумакардааш дар театрҳои гуногуни мамлакат рўи саҳна омадаанд.
Иштирокчии ҷашнвораҳои байналмилалии шеър дар Алмаато (Қазоқистон), Ереван (Арманистон), барандаи ҷоизаи Ҷашнвораи байналмилалии шеъри форсӣ дар Исфаҳон, Машҳад ва Теҳрон (Эрон).
Беш аз сад таронаи ватандўстона ва лирикиаш дар иҷрои ҳофизони шинохта пайваста дар радиову телевизион ва маҳфилҳои бузурги фарҳангӣ садо медиҳанд.
Дар қироати комили радиоии ашъори Рўдакӣ, «Шоҳнома», «Маснавӣ» (солҳои 1995-2009) иштирок кардааст.
Мураттиби маҷмўаҳои «Чил қалам» (намунаи шеъри навқаламон, «Адиб», 1985, ҳамроҳи Бозор Собир), Умари Хайём «Дувист рубоӣ. Двести рубаи» (1995), «Норак, муборак!» (2000), «Як сарзамин муҳаббат» (намунаҳои шеъри сад соли охири Афғонистон, «Адиб», 2005, ҳамроҳи Ҳоруни Роъун), «Баёзи меҳр» (намунаҳои шеъри муосири кишварҳои форсизабон, «Матбуот», 2006), Бозор Собир «Шоиру шеъре агар ҳаст…» («Адиб», 2007), Бозор Собир «Замини модарӣ» (Хуҷанд, 2019), Бозор Собир «Овезгоҳи овоз»
(«Маориф», 2019), «Шеърборон» (намунаҳои шеъри муосири кишварҳои форсизабон, «Адиб», 2016), «Иқбол, Халилӣ, Нодирпур»
(«Адиб», аз силсилаи «Ахтарони адаб», 2019), «Тазкираи мухтасари назми муосири тоҷик» («Маориф», 2019), «Иди Зафар муборак!»
(«Адиб», 2020, ба муносибати 75-солагии Ғалаба), «Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ» (аз силсилаи «Ахтарони адаб», «Адиб», 2021), «Баёзи мухтасари назми муосири тоҷик» (аз силсилаи «Ахтарони адаб», «Адиб», 2021), «Баёзи мухтасари насри муосир» (дар се ҷилд, аз силсилаи «Ахтарони адаб», «Адиб», 2022, ҳамроҳи Сироҷиддин Икромӣ) ва муҳаррири даҳҳо китобҳои мансуру манзум мебошад.

пешина
аз 235
навбатӣ