Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз ин ҷиҳат шеъри ў маҳдудияти мавзўъӣ надорад, шеъри ў метавонад тасвирӣ бошад, ҳикоятӣ бошад, ҳасбиҳолӣ бошад, таълимӣ, дидактикӣ, андарз бошад, метавонад шеъре бошад, ки чун шиорҳо метавон онро дар сақфи ин ё он мавзеъ овехт, метавонад шеъре бошад аз дардҳои ҷонгудоз, аз меҳри инсонӣ ва аз сўзу гудози ишқ. Яъне ин шеър ба ғайр аз эҳсосот ба хонанда маълумоти фаровон медиҳад, масъалаҳо мегузорад, хонандаро раҳнамоӣ мекунад. Вақте ў дар бораи шахсият шеър мегўяд, танҳо бо мадҳу ситоиши ў машғул намешавад, балки симои инсонӣ, чеҳраи маънавии ўро таҷассум мекунад, як олам маълумот медиҳад, ҳолат, замон ва маконро низ фаро мегирад ва ин шеър пур аз набзи қаҳрамон, сурату сирати ў, зиндагии ў мегардад. Мисли шеъри «Унвон», ки ба Убайдулло Раҷаб бахшида шудааст ва ё шеъри бахшида ба устод Лоҳутӣ.
Хислатҳои шахсиятҳо, хусусияти замон, муҳит ва ғайра перомуни шеъри ў ба тасвир меоянд. Масалан, шеъре, ки бо ёди Мастон суруда шудааст.
Буда аз чӣ, ман намедонам, варо кошона пур, Буда худ аз шоҳбайту мисраи шоҳона пур.
Мурғи носери дили ў зери борони сиришк Чун бубинад - чор сўяш гаштааст аз дона пур.
Пур бикун паймона, - гуфт ў бар ману қисмат шунид, Во дареғо, кард нобарҷо варо паймона пур.
Гумон мекунам, ин яке аз беҳтарин шеърҳоест, ки воқеан симо, ҳаёт ва хислатҳои шоирро шоиронаву зебо ва мондагор ба тасвир гирифтааст.
Дар баъзе мавридҳо Низом метавонад мазмуни як қиссаро дар як шеъри кўчак ҷой бидиҳад, чунон ки дар шеъри «Доғи фарзанд».
Шеъри Низом дар бораи хонаи бобоӣ, кампири деҳа боварбахш аст, зеро ин ҳама аз зиндагӣ ва муҳитест, ки ў ба сар бурдааст.
Ғул-ғули тифлон ба гардун мерасад,
Булбуле дар шоха чаҳ-чаҳ мезанад,
Фориғ аз дунё, зимистон дар хаёл
Момаи Ойиша таппак мекунад.
Чашм бар дунё кушояд тифлаке,
Момаи Ойишаро бинад ба сар,
Пир бинад лаҳзаҳои вопасин,
Момаи Ойишаро бо чашми тар.
Арзиши шеъри Низом дар он аст, ки ў шеърро ба хотири эҷоди шеър намегўяд. Ў ҳарчи дар эҳсос дорад, ҳар идрокеро, ки дилаш аз зиндагӣ бардоштааст, дар партави андешаҳояш шеър мекунад.
Манзараи воқеии ордбезии модарро дар як шеъри кўтоҳ самимона тасвир месозад:
Боз дар осмони барфолуд
Бод чун орд барфро безад,
Модарам, гўӣ, орд безад боз,
Мухпараш рўи кулча гул резад…
Ҳанўз дар шеърҳои нахустин - «Гули гулдон» ва «Чорсў» назари хосу сабки хоси сухангўии ў мушоҳида мешуд. Дар ин шеърҳо ва баъдан Низом мекўшад шеъри худ ва сухани худ ва андешаи худро бисарояд. Мустақилият дар баёни фикр эҳсос мегардад.
Чор сў боғ бошаду боғе
Гули рўи туро напарварда,
Чор сў роҳу раҳнамое нест,
Дили ман роҳи хеш гум карда.
Баёни шоирона дар шеърҳои маҷмўаи нахустин гувоҳи диди шоиронаи Низом аст:
Ба сад хорӣ ба дунёят расидам,
Ба сар рафтам, ки бар поят расидам.
Зи тўфонҳои чашмонат гузаштам,
Ки то моҳии лабҳоят расидам.
Тасвирҳои зебои шоирона ба шеъри Низом аз ҳамон маҷмўаи аввал раҳ ёфтаанд:
Риштаҳои нур дар дастони моҳ,
Нурҳо мерехт ангуштони моҳ…
Назари нек ба зиндагӣ, ба оянда, покӣ ва софии замир дар ин шеърҳо ба мушоҳида мерасад:
Он мабодо бар дили ин кўҳсор,
Бар дили ин марғзор,
Бар дили ҷўи равон тире занӣ,
Кўдакиямро кушӣ…

пешина
аз 235
навбатӣ