33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Муқаддимаи Сайёф
Саъдӣ чу барқе дурахшон дар осмони матбуот падид омад:
Барҷаста, ногаҳонӣ, равшан ва тааҷҷуббарангез. Матлабҳои Саъдӣ Маҳдӣ, ки дар газетаи мардумии СССР низ нашр шудаанд, мисли 1 таҳаввулот буданд; таҳаввулоте дар андеша, инқилобе дар фикри Тоҷик.
Ва ҳамин будӣ, ки хонандагони газета маҳз ўро оҷилан дар соли 2009, ҳамагӣ пас аз нашри 10 матлабаш, Журналисти Соли газета баргузиданд. Ва хато ҳам накарданд. Зеро 10 матлаби аввалияи Саъдӣ барои андешаи 100-сола кофист.
Саъдӣ воқеан ҳам дар ин маҳдудае, ки дар СССР матлаб нашр мекард, ба насабаш ҳамвор гардида, ҳодии роҳи рост барои хонандагони газета шуд. Мақолаҳои Саъдии Маҳдӣ дар мавзўъҳои фарҳанги бараҳнагиву фарҳанги либос, пўшиши кулоҳ, исломшиносиву забоншиносӣ, имло, адабиётшиносӣ ва ҳатто варзишӣ низ қобили андеша буданд.
Мавзўъҳои динӣ, ки дар он Саъдӣ махсусан ҷилваи фикр мекард, баҳсҳоеро хатм карданд, ки фанатизми ҷанговар сари ҷамъияти Тоҷикон таҳмил менамуд ва дигарандешону тафаккурравшанонро тамғаи «куфр» мекўбид, ҳамонгуна ки ҳазор сол пештар ин мўҳри таассубу ҷаҳл домани Синову Ҳофизу Саъди Салмонро гирифта будӣ.
Ин ҳамон таассуб аст, ки аз қаъри қурун Синои бузургвор бо таассуф мегуфт: -Ҳар, к-ў на хар аст, кофараш мехонанд…
Вале Саъдӣ бо роҳи Сино рафт дар ин самт, ки алайҳи фарти харӣ қиём намуд ва чун худ дастпарвари мактаби суннатии мазҳабист, бо факту далелу бурҳони Қуръонӣ исбот намуд, ки кофар хондани мусалмоне худ куфр аст, на каму на беш!
Вале оё медонед, ки пирўзии афкори андешазудои матлабҳои Саъдӣ куҷо ниҳон аст? Саъдӣ муҳимтар аз дониш чизе дорад, ки мутаассуф, аксарияти донишварони мо надоранд ва он чизи анқо миёни уламои асри 21-и Тоҷикро ном «ҳазрати ҷасорат» аст! Ва Саъдии Маҳдӣ ҳар матлаби хешро дар ҷомаи ҷасорат, тавони пиндор ва шуҷоати фикр, ки ин ҳар 3 аҳсантофарин ҷузви таркиботи ҷавонмардонанд, пероста намудаву пешкаши хонанда мегардонад, ки усулан пирўзии килки Маҳдии мо низ ҳамин ҷо ниҳон аст:
Ў мутафаккири ҷасур аст!
Ва агар ин хислати Саъдӣ насиби дигар удабову уламои мо мешуд, Миллат чӣ бурдҳо дар пеш медошту чӣ музаффариятҳо дар қабл.
Ва аммо ҳамонгуна ки Саъдии дигар дар ин маврид гуфтааст, хонанда бояд худ хулоса кунад, ки Сайёфи Мизроб бар муаллиф мадҳ задааст ва ё даричаи реалии муаррифии Саъдии сониро ба рўяш боз кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё