Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ақли мо дар ҳудуди муайян, аз рўи нақша ё микросхемае амал мекунад. Ақл Худодод аст. Ақли инсон гарчанде пурра нест, маҳдуд аст, вале ҷузъе ё ҳиссае аз ақли кул аст аз ин рў он хусусияти халлоқиву офаридгорияшро дар замин идома медиҳад. Имрўз инсоният бо ракетаву техникаи пурқудраташ сайри коинотро пеша кардааст. Ин дар Қуръони азимушшаън чунин таъкид шудааст: «Ай гурўҳи ҷин ва инс, агар метавонед, аз каронаҳои осмонҳо ва замин бигзаред, пас бигзаред, вале ҳаргиз гузар карда наметавонед, магар ба нерўе, ки аз ҷониби Худованд арзонӣ гардад.» (Арраҳмон, ояти 33).
Яъне, сайри коинот ва ҳама гуна кашфиётҳо танҳо ба хости Худо ва нерўи Ў анҷом хоҳанд пазируфт, яъне имконияти инсон дар гузаштани каронаҳои осмону замин маҳдуд нест. Аз ин ба баъд кашфиётҳо хоҳанд шуд, албатта бо нерўи Худо, чуноне ки дар Каломи Илоҳӣ зикр шудааст. Ё ба ақидаи олими соҳаи ҳуқуқ Холиқов Абдураҳим дар Қуръон ояте аст, ки он ифодагари шинохти инсонҳо аз рўи нўки ангуштон (отпечатки палцы) мебошад. Ҳадид номи сураи Қуръон, ки маънояш оҳан аст, аз рўи ҳисоби абҷад 26 мешавад, ки дар ҷадвали Менделеев рақами тартибии оҳан низ 26 омадааст. Ин бозёфт натиҷаи ақли имрўза аст. Ё тадқиқоти оламшумули Ҳорун Яҳё дар мавриди оятҳои Қуръон ва илми имрўза ифодагари онанд, ки далелҳои ақлӣ на танҳо амал мекунанд, балки дар шароиту тамаддуни имрўза инсоният ба онҳо сахт ниёз дорад.
Одам бояд офарад
Инсонҳо дар рўи замин рисолате ё кореро анҷом медиҳанд. Барои ҳамин паёмбар (с) мефармояд: «одамон ду гурўҳанд – донишманд ва доништалаб, дигарон ба монанди пашшаҳоянд, дар эшон хайре нест.
Албатта, ҳама донишманд буда наметавонанд ва хонандаи азиз низ худро ба гурўҳи сеюм набарад, зеро доништалаб будан ба ҳама дастрас аст. Бале, ҳар киро рисолатест. Попов – радио, Бел – телефон, Гагарину Армстронг – кашфи кайҳону моҳ, Менделеев – ҷадвали кимиёӣ, Нобел – кашфи динамиту таъсиси мукофот барои кашшофон ва ғ. ва идома дорад.
Фариштагон пеш аз офарида шудани Одами хокӣ ба Бори Таоло муроҷеъ шуданд, ки ин одамро меофарӣ, дар рўи замин хунрезӣ мекунад, фасод меварзад ва гуноҳ содир мекунад. Худованд ҷавоб дод, ки: «Он чизеро, ки ман медонам, шумо намедонед». Бале, бани башар дар рўи замин рисолате дорад, ки ақли маҳдуди мо ба он намерасад.
Ояти «Ва наофаридам инсу ҷинро магар аз барои ибодат» барои тамоми инсонҳост, то дар баробари ин ҳама фаъолият ибодат кунанд ва худоро фаромўш накунанд. Дар ин ҷо овардани шиори яке аз бузургтарин равияҳои тасаввуфӣ дар Осиёи Миёна Нақшбандия (асосгузораш Баҳоваддини Балогардон–р) «Даст ба кору дил ба ёр»
басо мувофиқ аст.

пешина
аз 161
навбатӣ