Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

«Инқилоби маданиро» дар Хитой ба хотир биоварем, ба бозӣ андохта шудани шуури халқро, ба дараҷаи чанд иқтибосе аз «китобаки сурхи Мао» фурӯ афтодани диалектикаи мураккаботи зиндагиниро, инчунин тақдири халқи дорои суннатҳои ҳазоронсоларо ёдовар шавем, — дар заминаи сиёсати имрӯзаи гегемониистии роҳбарияти Хитой равшан мебинем, ки ҳамаи ин тамоюлҳо ба ҳам муҷовиранд. Ҳарчанд ки ақли кас бовар намекунад, аммо боз як тӯда чизҳои ҳамин гуна ба ҳам наздику злокаманд ҳастанд, чунончи, инкор кардани гузашта ё тақаллуби он; шовинизми пур аз кибр ва худписандонае, ки дар атрофаш бояд садди чинӣ бардошт, зеро афсонаи аз ҳамаи дигар халқҳои ҷаҳон бартарӣ доштани як халқ фақат дар иҳотаи чунин садде метавонад идомае дошта бошад.

Ман ин дафъа низ чун дар асарҳои пешинаам, ба афсонаву асотир ва ривоятҳо ҳамчун ба пандномае такя мекунам, ки наслҳои гузашта ба мо мерос мондаанд.
Ва дар айни ҳол нахустин бор дар таҷрибаи нависандагиам аз сюжети фантастикӣ истифода бурдам. Ҳам ин ва ҳам он барои ман ҳадафи ниҳоӣ нест, як навъ усули тафаккур, яке аз василаҳои тадқиқу тафсир аст.

Воқеаҳое, ки бо тасвири робита бо тамаддуни кайҳонӣ алоқаманданд ва дигар ҳодисоте, ки ба ин муносибат рух медиҳанд, албатта, ҳеҷ гуна заминаи ҳаётӣ надоранд. Дар ҳеҷ кадом гӯшаи олам космодромҳои Невада ё Сари Озек вуҷуд надоранд. Ду ҷаҳони мухталиф — ду системаи гуногунро сарфи назар аз воқеияти таърихӣ, чун қоидаи бозӣ ва ба куллӣ шартан пазируфтаам. Ҳамаи воқеоти кайҳониро фақат бо нияте аз хаёл бофта баровардаам, то он вазъиятеро, ки барои сокинони сайёра хатари билқувва дорад, дар шакли хориқулодаи муболиғаомезе нишон диҳам.

Оё чунин ҳол ҳодисаи хориқулоддине нест, ки дар Юнони қадим дар айёми Бозиҳои Олимпӣ ҷангу ҷидолҳо қатъ мегардиданд, аммо дар айёми мо баъзе мамлакатҳо Олимпиадаро барои ҷанги беяроқ баҳонаи муносиб қарор додаанд?

Доир ба аҳамияти ҳаёлоти фантастикӣ ҳанӯз Достоевский навишта буд: «Дар санъат ҷанбаи фантастикӣ
ҳадде ва қовоиде дорад. Тасвири фантастикӣ бо ҳаёти
воқеӣ бояд то андозае наздик бошад, ки шумо ба он
тақрибан бовар кунед». Достоевский қонуни фантастикаро кушоду равшан баён кардааст. Воқеан, хоҳ асотири

пешина
аз 293
навбатӣ