Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

ПЕШГУФТОР

Иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҷараёни гузариш ба бозор, ба як қатор муаммоҳои хусусияти транзитидошта, инчунин ба якчанд омилҳои ман- фии объективӣ, аз ҷумла мавҷуд набудани имконият барои баромадан ба баҳр, дур ҷойгир шудан аз марказҳои байналмилалии тараққикардаи тиҷоратӣ, ғунҷоиши хурди бозори дохилӣ, хароҷоти баланди трансаксизӣ дучор омад. Ҳолати мавҷударо ноустувории бозор, пешрафти бомайло- ни технологияи муосир ва шиддат гирифтани муборизаҳои рақобатнок мушкилтар гардонид. Ин омил тақозо намуд, ки механизмҳои мувофиқи менеҷменти муосир - системаи менеҷменти стратегӣ амалӣ карда шавад.

Аз ҳама бештар менеҷменти стратегӣ, ҳамчун дарки зарурати густа- риши ояндаи тамоми системаи идоракунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Дар сохтори нави Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аввалин маротиба ташкил гардидани шуъбаи "Банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ" шаҳодати он аст, ки дар идоракунии давлатӣ ба менеҷменти стратегӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст.

Муҳимияти менеҷменти стратегиро дар шароити ояндаи глобали- затсия ва ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо махсусан қайд намудан ба маврид аст. Мавқеи Тоҷикистон дар тақсимоти байналмилалии меҳнат тақозо мекунад, ки сифати маҳсулот ба талабот ҷавобгӯ буда, маҳсулоти ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ ба рақобатпазирӣ тобовар бошанд, ташаккул ва истифодаи афзалиятҳои рақобат, ташкили иттиҳодияҳои стратегии дарозмуддат ва ғайра тақвият дода шаванд.

Менеҷменти стратегиро, бешак, на танҳо фаъолияти гуногунҷанбаи идоракунӣ арзёбӣ менамоянд, балки он ҳамчун сатҳи баланди илми идоракунӣ қабул карда шудааст. Чӣ тавре ки маълум аст, менеҷменти стратегӣ севоҳида ё ягонаи се воҳид: илм - таҷриба - консалтингро ташкил дода, қисме аз онҳо дар мамлакати мо амалан татбиқ шуда истодаанд. Ҳангоми таҳияи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015, менеҷменти стратегӣ ҳамчун асоси илмӣ ва муайянкунандаи ояндаи дарозмуддати мамлакат истифода шудааст. Таҷрибаи менеҷменти стратегӣ дар марҳилаи тараққиёти дарозмуддат дар идоракунии корпора- тивии муосир, мақомоти идоракунии давлатии тамоми сатҳҳо ва сектори ғайритиҷоратӣ қисми ҷудоношаванда ба шумор меравад. Бо дастгирии шарикони рушд менеҷменти стратегӣ, ҳамчун хизматрасониҳои машваратӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ ва соҳибкории инфиродӣ паҳн гардид.

Бешак, ҷузъи менеҷменти стратегӣ - ин стратегияи ташкилот ба ҳисоб меравад. Дар Ғарб (тиҷорати амрикоӣ) стратегияро ҳамчун ҷузъи калидии ҷараёни стандартии идоракунӣ, дар Шарқи дур бошад, (менеҷерҳои мам- лакати «Тулӯи Офтоб») — онро омили эҷоди стратегӣ баррасӣ менамоянд.

пешина
аз 469
навбатӣ