Фарзанди хуб - боғи падар

Дар китобча тавсияҳо барои падару модарон гирд оварда шудаанд, ки барои таълиму тарбияи фарзанд муфиданд. Китоб ба волидайн кӯмаки амалӣ мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 23 саҳифа
ФАРЗАНДАТОН МАКТАБХОН ШУД,
ЧӢ БОЯД КАРД?
-
Пеш аз ҳама ба қобилияти фарзандатон худатон баҳо диҳед.
Оё ӯ ҳарфҳоро мешиносад, як, ду гуфта шуморида метавонад ё не?
Нутқаш бурро аст ё не?
Забонаш оё лақнат дорад?
Ҳамаи ҳарфҳоро, махсусан овози “Р” — ро талаффуз карда метавонад? Хаёлаш парешон аст ё диққат карда метавонад? Ҳаракат ва саломатияш чӣ хел аст? (Шӯх, серҳаракат, ором, бепарво, инҷиқ, гирёнчак, шунавой, биноияш дар кадом ҳол аст, худашро саришта карда метавонад ё не).
Агар ягон камбудӣ дошта бошад, албатта ба муаллимаш гӯед. -
Барои ба мактаб бурдан либоси мактабии шинам харидаш. Аммо кӯшед, ки он қиматбаҳо набошад. Бо ҷузвдон (сумка), қалами оддӣ, ручка, дафтар, қаламтезкунак, хаткӯркунак, ҷадвалча таъмин карда вазифаи ҳар яке онро фаҳмонед. Агар фарзандатон нафаҳмад, боке надорад. Фаҳмонеду таъкид кунед, ки муаллимаш боз мефаҳмонад.
-
Ҳатман рӯзи аввали дарс бо ҳуҷҷатҳояш ҳамроҳ ба мактаб баред. Ин муҳим аст. Ҳам бо мактаб шинос мешавед, ҳам бо омӯзгораш сӯҳбат мекунед, ҳам шарикдарсони фарзандатонро мебинед. Дар назди ҳамсинфонаш ва омӯзгораш таъкид кунед, ки хуб хонад. Ба ивази таҳсилаш чизе ваъда надиҳед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё