Солҳое, ки ман ҷавон будам...

Китоби мазкур хотираҳои дӯстон ва ҳамсабақони айёми наврасии устод Мирзо Турсунзодаро дар бар мегирад. Он ба муносибати 100-солагии шоир ба нашр расидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 28 саҳифа
Ростӣ, ҳамин суҳбат ва раҳнамоии устод Раҳими Мусулмониён боис гашт, ки банда аз пайи кор шавам. Рӯзҳои истироҳат ба зодгоҳ меомадаму суҳбати муаллим дар хаёлам давр мезад, дар гӯшам садо медод. Пеши худ қатъӣ азм кардам, ки пешниҳоди бомаврид ва саривақтии устодро амалӣ гардонам. Падару модарро зиёрат кардан пас, роҳи Қаратоқро пеш мегирифтам. Ин корро тахмин як моҳ идома додам. Ҳамин тавр, бо чанде аз дӯстону шарикдарсони айёми наврасии устод Мирзо Турсунзода - бобои Абдуҷалил Раҳимов, бобои Абдулло, Муҳаммадӣ Имомов, Абдураҳим Раҳмонов (Раҳими Ҷӯшонӣ), Иброҳим Азим, Муҳаммадӣ Шукур вохӯрда, хотираву саргузаштҳояшонро дар бораи ин шоири оламшумул, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, устод Мирзо Турсунзода навишта гирифтам. Бубинед, ки мутаассифона, аз эшон имрӯз ягон нафар дар қайди ҳаёт нестанд. Хотираҳо бошанд, ба таври фишурдаву пурра ва пора-пора дар рӯзномаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ ба нашр расиданд. Вале боз ҳастанд қиссаҳои ҳанӯз рӯи чопро надида...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё