Зеҳн
Баҳор боз меояд...

Маҷмӯаи шеърҳои Робия Холмирзо мебошад, ки таронаҳои муосири зиндагиро дар бар мегирад. Шеърҳо аз дили саршори меҳру муҳаббати шоира берун омада, гармиву рӯшноиро ба дили хонандагон интишор медиҳанд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 76 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

СУБҲИ ИСТИҚЛОЛ ТАБРИК!!!

Эй диёри тозаву тар, субҳи Истиқлол табрик!
Сарзамини меҳрпарвар, субҳи Истиқлол табрик!

Ранчу андӯҳат қафо монд, душмани ту дар бало монд, Некхоҳи ту музаффар, субҳи Истиқлол табрик!

Обшорони базебат обрӯятро фузуданд,
Кӯҳҳоят кони гавҳар, субҳи Истиқлол табрик!

Хонаи тоҷик равшан, Норакат ёри дигар ёфт Гашта Роғунат мунаввар, субҳи Истиқлол табрик!

Тоҷикистони ҷавонам, эй нишон аз бостонам,
Бори дигар, бори дигар субҳи Истиқлол табрик!

пешина
аз 76
навбатӣ