Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бо гирудори ҷумлаи худкора дастгоҳ
Ин ҷо даруни синаи кӯҳҳои пойдор
Дидам дили замонаам пайваста метапад,
Дидам бузургвории мардони хоксор.

Барои нақбзан Шариф Маҳмудов


Саҳар аз кон бурун оӣ, бародар,
Ба гарду чанг олуда саропой,
Ба оби сарди чашма дасту рў шўй,
Қадам зан қад-қади роҳи лаби сой.

Сари болотро андоза бинмо
Ба тори теғаи кўҳи сарафроз,
Куҳ аз ганҷи ниҳони худ бинозад,
Ту аз сарпанҷаи гирои худ ноз.

Бубин хуршед баҳри дидани ту
Зи гулхона чӣ тарзе мебарояд,
Бибофад рағза аз тору пуди нур,
Ки пойандоз бар роҳат кушояд.


Он марди кўҳкан,
Марде, ки солҳо аз пойгоҳи кўҳ Месохт пайраҳа то пешгоҳи кўҳ, Рў ба фароз бизад, Нақбе ба синаи кўҳи хизонадор.
Бикшод равзане аз ганҷи шойгон Бар рўи осмон,
Бикшод пайраҳе аз умқи кўҳсор Бар кўи ахтарон,
Нўги ба нўг баст онро чу ресмон Бар роҳи Каҳкашон, Бар боми гардуни фирўзагун ниҳод Онро чун нардбон.
Он пайраҳа варо бар теға мебарад, Он ҷо, ки бигзарад.
Роҳи Гагарин – он марди пештоз, Он қосиди замину муждарасони арш, Он пайки эъҷоз.
Он ҷо, ки ҳар даме бар тарфи бекарон Пайроҳаҳои нав оғоз мешаванд, Он ҷо, ки рў ба рў Дарвозаҳои кайҳон боз мешаванд.
Он ҷой ба ахтарон ҳамроҳ мепарад, Он ҷой мекашад аз домани саҳоб.
Он ҷой мерасад дасташ ба офтоб, Он ҷо ба тоқи гардун Ў нақб мезанад,
Он ҷо зи пайраҳа бар рўи моҳтоб Ў нақш меканад.

пешина
аз 264
навбатӣ