МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.
Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа
ПЕШГУФТОР
Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо аз мероси адибони гузашта ва муосир гулчин карда шудааст. Бо мақсади он, ки донишомўзон дар раванди омўзиш хаста нашаванд ва фикрашон парешон нагардад, баъзе матнҳои барои рўйнависӣ интихобгардида ба қисматҳо ҷудо карда шуданд.
Матнҳои интихобшуда осонфаҳм ва ба синну соли хурдсолон мувофиқанд.
Рўйнависии матн ба машқи ҳусни хати хурдсолон мусоидат намуда, дар иҷрои супоришҳои грамматикӣ ҳангоми имло, нақли хаттӣ ва иншо (аввали иншо) заминаи эҷодкориро фароҳам меорад.
Барои кор бо матнҳои нисбатан душвор дар маҷмўа шарҳи луғат низ дода шудааст, ки истифодаи он аз манфиат холӣ нест.
Илова ба ин, матнҳои интихобшуда аз қабили ҳикоя, афсона, латифа, чистон, мақол, зарбулмасал, тезгўяк ва амсоли инҳо барои инкишофи тафаккури хурдсолон кумак мерасонанд.
Бояд зикр кард, ки маҷмўаҳои имло то ин вақт такроран бисёр нашр шудаанд ва азбаски адади нашрашон ниҳоят кам аст, мутаассифона, дастраси на ҳама омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ гардидаанд. Аз ин рў, аксарияти омўзгорон худашон маводи заруриро аз ҳар гуна адабиёти дастрас интихоб менамоянд, ки онҳо на ҳамаашон ба барнома, талаботи илмию бадеӣ, педагогӣ, методӣ ва равонӣ мувофиқат мекунанд.
Ба назари мо, матнҳои интихобшуда на он қадар душворфаҳманд ва мутмаинем, ки ба табъу завқ ва синну соли донишомўзони хурдсол мувофиқат мекунанд.
Баъзе матнҳои ба мақсади имлои санҷиш интихобшуда барои истифода дар нақли хаттӣ низ такроран пешниҳод шудаанд. Ин ба он хотир аст, ки хонандаҳо аллакай бо онҳо шиносанд ва дар навиштани нақли хаттӣ душворӣ намекашанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё