Сафои дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 51 саҳифа
Зиё Раҳмон
Китоби «Сафои дил»-и Зиё Раҳмон шеърҳо, рубоиҳо ва дубайтиҳо солҳои охир навиштаи ӯро дар бар дорад ва ҳикоят аз зиндагӣ ва ишқу ошиқӣ мекунад. Ватанпарастӣ ва инсондӯстӣ меҳвари эҷодиёти шоир аст.
ШЕЪРИ ТАБИБ
Дар яке аз дармонгоҳҳои Тоҷикистон чунин шиорро хонда будам: «Сухан ҳам мекунад моро табобат».
Оре, агар сухан дар ҷою мақоми худ бошад, дилу ҷони инсонро навозиш мекунаду болу пар мебахшад.
Аммо агар худи табиб суханвар бошад, ин таъсиру ин тадбир ба маротиб расолаташро ба ҷо меорад.
Бо шеъри Зиё Раҳмон дӯстдорони каломи бадеъ шиносоии дерина доранд. Ва шояд надонанд, ки ӯ табиб аст ва ҳатто дар ин ришта унвони баланди илмӣ дорад. Дар гузашта ба шеър рӯ овардани соҳибони касбу кори гуногун як шуғли содда буд. Аммо дар замони мо ин гироиш сахтиҳои зиёде ба пеш дорад. Зеро таълими шеъру шоирӣ дар даврони мо тағйир хӯрдааст ва донистани вазну қофияву радифу санъатҳои шеъриву мантиқи сухан кори саҳлу осон нест. Аз ҳамин рӯ, ҳар гоҳ аз «қаламрави дигар» ба адабиёт рӯ овардани ҳунармандеро мебинам, шод мешавам.
Зиё Раҳмон табиби хуб, шоири хуб ва инсони хуб аст. Инро дар ҷараёни мутолиаи шеърҳояш метавон дарк кард.
Худо ба ӯ умри дароз ва илҳоми баландпарвоз диҳад.
ГУЛНАЗАР
Шоири халқии Тоҷикистон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё