Таронаҳои дарё

Ман гиреҳҳои зулфакони туро,
Мекушоям ба хилвати шабҳо
Бӯсаҳои ту бас аҷаб ширин,
Бӯсаҳои гирифта аз лабҳо,
Ман ба ёди ту зиндаам дар даҳр,
Моҳи ман, нозанини ғоронӣ,
Ба ту ман рози дил ҳамегӯям,
Ҳамрадифи шабони боронӣ.
ДАР ИН ШАҲР
Дар ин шаҳр аз ҳама ғавғою ғавғоҳо гурезонам,
Дар ин шаҳр аз ҳама савдою савдоҳо гурезонам,
Дар ин ҷо шеъри Ширин чун асое муттакои ман,
Дар ин ҷо аз ҳавои беҳавоиҳо гурезонам.
Чу хонам шеъри Лаълҷуба фараҳ бар дил биофзояд,
Дар ин шаҳр аз садою бесадоиҳо гурезонам
Суруди Майсара ин ҷо маро болу паре бахшад,
Дар ин ҷо аз навои бенавоиҳо гурезонам.
Дар ин ҷо савти «Даргилик» ба гӯшам хуш садо бидҳад,
Дар ин ҷо аз вафою бевафоиҳо гурезонам.
Дар ин ҷо чашмаи Хуфак чу калби ман ҳамеҷӯшад,
Дар ин ҷо аз садои рӯду дарёҳо гурезонам.
Дар ин ҷо меҳр бастам ман ба шеъру шеър мегӯям,
Дар ин шаҳр аз ҳавои сарду боронзо гурезонам,
Дар ин ҷо дил бидодам ман ба як маҳрӯи шуғнонӣ,
Аз ин кӯҳу аз ин барзан, аз ин дунё гурезонам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё