Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа
Гурғӯлисарои машҳури тоҷик, пири қофиядон ва шоири халқӣ Қурбоналӣ Раҷаб дастае аз шеърҳои сурудаи солҳои гуногуни умрашро чун дастархони пирӣ пеши хонандагон кушодааст.
БАҲОРОН
Баҳорон ҳар куҷо гулҳо шукуфта,
Гули наргис, гули раъно шукуфта,
Ба сони наварӯсе лола рангин,
Бидидам дар лаби дарё шукуфта.
Мисоли тукмаҳои аскарон бин,
Гули қоқуй дар саҳро шукуфта.
Дарахтон карда гул, гулҳо ба гулшан
Ба сони чеҳраи занҳо шукуфта.
Дар ин фасли баҳори оламоро
Зи шодӣ чеҳраҳои мо шукуфта.
Ба ранги бӯи хуш садбарг бо ноз
Ба сони чеҳраи Лайло шукуфта.
Ба монанди арӯси куртагулгун
Бубин, Қурбоналӣ, дунё шукуфта.
НАВБАТ БА ДАРДУ ҒАМ ШУД
Майдони ҷанг дидам,
Эй нури ҳар ду дида,
Гургу паланг дидам
Бисёр саф кашида.
Ҳангоми ҷанги душман
Ногоҳ тир хӯрдам.
Ҷонам ки сӯхт, гуфтам:
Вой очаҷон, бимурдам.
Бо қудрати илоҳӣ
Аз ҷанг бар бигаштам,
Чун марди бобароре
Соҳибзафар бигаштам...
Дидори ёр дидам,
Хешу табор дидам.
Ҳам модари азизи
Чашминтизор дидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё