Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа
Аламхон Кӯчаров. Муҳаққиқи соҳибмактаб (90 соли пуршарафи устод Соҳиб Табаров).
Китоби рӯи дасти шумо, хонандаи азиз, бо ҳаёт ва кору пайкори мунаққиди барҷастаи тоҷик Соҳиб Табаров ошноии шавқоваре медиҳад.
Соҳиб Шуҳратиевич Табаров 23 ноябри соли 1924 дар деҳаи Чорраҳаи шӯрои қишлоқи Кундошаҳри ноҳияи Муъминободи вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст.
1923-1934. Тарбиягирандаи хонаи бачагони Муъминобад.
Оғози 1934. Тарбиягирандаи хонаи бачагони Тебалаи ноҳияи Кӯлоб.
1934-1936. Донишҷӯи Омӯзишгоҳи педагогии ба номи В. М.
Молотов (Самарқанд).
1936-1937. Донишҷӯи Омӯзишгоҳи педагогии ба номи А.В.Луначарский (Панҷакент).
1937-1939.Донишҷӯ ва хатмкунандаи омӯзишгоҳи педагогии ба номи А.Лоҳутӣ (Кӯлоб).
1939-1941. Донишҷӯи Институти давлатии педагогии ба номи Т.Г.Шевченко (Сталинобод).
1942-1943. Донишҷӯ ва хатмкунандаи Институти давлатии педагогии ба номи Т. Г. Шевченко (Сталинобод).
1947. Узв ва раиси Комиссияи ҳисоботи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
11 марти 1952. Мудири кафедраи забон ва адабиёти Университети давлатии Тоҷикистон.
18 июни 1952-1958. Проректори Университети давлатии Тоҷикистон.
1953-1984. Узви ҳайати таҳририяи «Ахбороти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон. Шуъбаи фанҳои ҷамъиятӣ».
1954-1987. Узви шӯрои илмӣ оид ба додани унвони номзади илмҳои филология дар назди Университети давлатии Тоҷикистон.
22 августи 1960. Бо унвони «Аълочии маорифи халқи РСС Тоҷикистон» ноил гаштааст.
1954-1965. Раиси сексияи танқиди адабӣ ва адабиётшиносии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
1954-1966. Узви президиум ва правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
26 июни 1973. Бо нишони фахрии «Барои кори фаъол» - и Ҷамъияти «Дониш» - и Иттифоқи Советӣ мукофотонида шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё