Дарахти Ватан

Кошонааш ку?
Ҳо шонааш ку?
Кошона дар хок,
ду шона дар хок.
Чашмам пуроб аст,
пур аз дуо даст,
Гардад, Худоё,
аз тан ҷудо даст.
Бе ӯ тамомам, мондаст номам, Шӯр аст ашкам, талх аст комам.
Бо ашки сӯзон гардад фурӯзон, Во, во, Худоҷон, аз тан ҷудо ҷон...
Хоҳари ҷон
Дилакат, хоҳари ҷон, об шудаст,
Аз ғами додари ҷон об шудаст.
Оҳ, ин об, ки ях басту шикаст,
Дастам ин шишаи бишкаста набаст.
Бачаи навшаҳи гумгаштаи ту...
Аз ғамаш канд рагу риштаи ту.
Дили бишкаста чӣ раҳ мепоӣ,
Ғами дил баста гираҳ мепоӣ.
Шикастабол
Он яке пурсид аҳволи маро, Гуфтамаш бишкаста бин боли маро.
Додари болобаландам аз барам Рафту сар дар хок бо чашми тарам...
Э вой!
Чашмам пуроб аст,
Ҳолам хароб аст.
Пешониям шӯр,
Ин сар сароб аст.
Шуд зиндагӣ сахт,
Шуд бандагӣ сахт.
Карданд бар мо
Бас гандагӣ сахт.
Рафтанд ёрон,
Ку ғамгусорон?
Мо зор гирйем
Гирди мазорон.
Эй хоҳари ҷон,
Ку модари ҷон?
Бишкастаам, вой,
Ку додари ҷон?
Ду дида намнок,
Як сина ғамнок.
Дил чок-чок аст,
Мирам аламнок.
Тақдир, фарёд,
Аз тир фарёд.
Бигзашта хун баст
То дер дар ёд.
Ду хона холӣ,
Зорам хаёлӣ.
Бо кӣ бигирйӣ?
Бо кӣ бинолӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё