Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Умедворем, ки чопи ин китоб ба илҳоми эҷодияш равнақ мебахшад, қадамҳояшро дар ин ҷода устувор мегардонад ва хушаҳояш пурбору пурсамартар мешавад.

Мурод Муродӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
БАХШИ I.
ЛАВҲА ВА ОЧЕРКҲО

«ХОКИ ВАТАН» - ВАСИЛАИ САРҶАМЪИИ МИЛЛАТ ВА
ТАҲКИМБАХШИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТ
Дар кашмакашиҳои бемаънию рўзҳои вазнину ҳодисаҳои нангини рухдодаи солҳои навадум садҳо оилаҳо аз Ватан фирорӣ гашта, хонаву манзилҳо сўхтаву валангор, ноумедиву маъюсӣ ва ҳолатҳои ҳузнангез қалбҳои ҳар фарди хештаншиносу солимфикрро озурда мекард. Ҳазорон нафар шаҳрвандон қурбони ин ҷанги хонумонсўз гардиданд. Аз рўзҳои аввали ба сари қудрат омадан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқамон муроҷиат намуд, ки мо танҳо дар муттаҳидӣ метавонем ин миллату давлати ба нестӣ рафтаистодаро дубора барқарор намоем. Барои бартараф намудани ин ҳама мушкилиҳо ва сарҷамъ кардани мардум дар доираи супоришҳои ҳукумати навтаъсис ва тасмими роҳбарияти ҳамонвақтаи Кумитаи телевизион ва радио Бобоҷон Икромов таҳияи барномаи «Хоки Ватан» дар радиои Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Аввалин нашри барномаи мазкур 25-уми марти соли 1993 тавассути радиои Тоҷикистон соати 0715 дақиқа ва такроран соати 1315 дақиқа бо садои дилнишину таъсирбахши ровии шинохтаи кишвар, устод Абдурашид Хўҷамқулов бо рубоиии муассири мардумӣ – Хоки ватан аз тахти Сулаймон хуштар, Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.
Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард, Эй кош, гадо будӣ ба Канъон хуштар - пахш гардид. Тавассути ин барнома суханрониву муроҷиатҳои Сарвари давлат ба сокинон пешниҳод мегардид. Дар яке аз суханрониҳои худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карда буданд, ки: «Бародарону хоҳарони дур аз Ватан, ба Ватан баргардед. Мо ба Шумо кўҳи тилло ваъда намекунем, аммо як бурида ноне, ки дорем, якҷоя мехўрем, як қатра обе, ки дорем, якҷоя менўшем.

пешина
аз 194
навбатӣ