Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Давомнокии вақти корӣ ва рухсатии кормандоне, ки ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок машғуланд, чӣ қадар аст?

  2. Музди меҳнати кормандонеро, ки ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва ё шароити меҳнаташон зарарнок машғуланд тавсиф намоед.

  3. Кадом гурӯҳи кормандон бо воситаҳои ҳифзатӣ таъмин карда мешаванд?

  4. Рухсатии шахсоне, ки дар корҳои вазнин кор мекунанд бо кадом тартиб дода мешаванд?

  5. Мафҳуми корҳои мавсимиро шарҳ диҳед.

  6. Хусусияти корҳои мавсимиро тавсиф намоед.

  7. Хусусияти бастани шартномаи меҳнатӣ барои иҷрои корҳои мавсимиро тавсиф намоед.

  8. Асосҳои иловагии бекор намудани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо бо кормандоне, ки ба корҳои мавсимӣ машғуланд кадомҳоянд?

  9. Хусусияти бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо корманди мавсимӣ кадомҳоянд?

  10. Корманди мавсимӣ кист?

  11. Мафҳуми кори ваҳтавиро шарҳ диҳед.

  12. Хусусиятҳои кори ваҳтавиро тавсиф намоед.

  13. Маҳдудият дар кори усули ваҳтавӣ чигуна аст?

  14. Давомнокии ваҳтавиро шарҳ диҳед.

  15. Кори фосилавӣ (дистансионӣ)-ро шарҳ диҳед.

  16. Шароити меҳнати кормандоне, ки бо кори фосилавӣ (дистансионӣ) машғуланд чигуна аст.

  17. Баҳисобгирии вақти корӣ ва вақти истироҳат, шартҳои таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнати кормандоне,

пешина
аз 496
навбатӣ