Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  • ба кормандоне, ки собиқаи меҳнатии бефосилаи то ҳаштсола доранд.

Агар корманд дар давраи кор, дар роҳ ҳангоми ба кор омадан, ҳамчунин ҳангоми аз кор ба хона рафтан, аз ҷумла дар рӯзи аз кор озод карда шуданаш, муваққатан корношоям гардида бошад, ба гирифтани кӯмакпулӣ ҳақ дорад.

Кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ то барқарор гардидани қобилияти меҳнатӣ, вале ба муддати на зиёдтар аз чор моҳи бемории пай дар пай ва ҳангоми мубталои касалии сил будан ба муддати на бештар аз дувоздаҳ моҳ дода мешавад ва баъди ин кормандро ҷиҳати муқаррар кардани маъюбӣ ба Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ мефиристанд.

Кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ аз рӯи ҳисоби якмоҳа аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 муқаррар шудааст, кам буда наметавонад. Бояд қайд намуд, ки шурӯъ аз соли 2008 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷорӣ карда шудааст. Тибқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо» аз 5 январи соли 2008, № 350, нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағи пулие мебошад, ки ҳар сол дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдор муқаррар гардида, барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ, инчунин барои ҳисоб кардани ин ё он бузургии арзиши ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), кӯмакпулиҳо ва иловапулиҳои

пешина
аз 496
навбатӣ