Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
19.4. Кӯмакпулии оилавӣ
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ», ҳангоми таваллуди кӯдак кӯмакпулии оилавии зайл пардохта мешавад:
-кӯмакпулии яквақта бинобар таваллуди кӯдак;
-кӯмакпулии ҳармоҳа барои нигоҳубини кӯдак.
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» кӯмакпулии яквақта бинобар таваллуди кӯдак ба андозаи зерин таъйин карда мешавад:
ҳангоми таваллуди кӯдаки якум - ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
ҳангоми таваллуди кӯдаки дуюм - ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
ҳангоми таваллуди кӯдаки сеюм ва зиёда - ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо.
Кӯмакпулӣ дар ҷои кори (таҳсили) яке аз волидайн, агар падару модар кор ё таҳсил накунанд - аз ҷониби шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии маҳалли истиқомат пардохта мешавад.
Кӯмакпулии яквақта ҳангоми таваллуди кӯдак, аз рӯзи таваллуди кӯдак таъйин ва пардохта мешавад, агар муроҷиат барои гирифтани он, на дертар аз шаш моҳи пас аз рӯзи таваллуди кӯдак сурат гирифта бошад.
Дар сурати додани рухсатӣ ба зан барои нигоҳубини кӯдак то ба синни якунимсолагӣ расидани он, барои ин мӯҳлат дар ҷои кор аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи иҷтимой

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор