Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Барои гирифтани кӯмакпулӣ шаҳрвандони бекор ҳангоми муроҷиат ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ бояд дар давоми 3 соли охири пеш аз муроҷиат на камтар аз 18 моҳи тақвимӣ собиқаи корӣ дошта бошанд ва ҳатман аз музди меҳнати ин давраи фаъолият ҳаққи суғуртаи иҷтимоиро пардохта бошанд.

Кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар моҳи аввал ба андозаи 50 фоиз, дар моҳи дуюм ба андозаи 40 фоиз ва дар моҳи сеюм ба андозаи 30 фоизи музди миёнаи меҳнати ҷойи кори охирин (бо назар бо коэффициентҳо), ки дар шаш моҳи охири корӣ ҳисоб карда шудааст, вале на камтар аз музди меҳнати ҳадди ақали муқарраргардида таъйин карда мешавад.

Ба шаҳрвандоне, ки пеш аз муроҷиат намудан ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар давоми 3 соли охир аз 18 моҳи тақвимӣ камтар соҳиби кори музднок буда, ҳамчун бекор дониста шудаанд, кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида таъйин карда мешавад.

Дар сурати хӯрандаи корношоями то синни 15-сола доштани шаҳрвандони бекор, дар ҳолати барзиёд иҷрошавии қисми даромади буҷет ва вуҷуд надоштани қарздории моддаҳои ҳимояшавандаи буҷети маҳаллӣ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо қарори худ метавонанд ба кӯмакпулӣ барои бекорӣ ба ҳар як хӯранда аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ иловапулӣ дар ҳаҷми 10 фоизи кӯмакпулии барои бекорӣ муқарраргардида таъйин намоянд.

Шаҳрвандоне, ки бори аввал кор меҷӯянд, муддати тӯлонӣ (зиёда аз як сол) кор накардаанд, тайёрии касбӣ,

пешина
аз 496
навбатӣ