Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
-
ҳангоми кӯчидани шахси бекор ба ноҳия ё шаҳри дигар;
-
ба охир расидани мӯҳлати таъйиншудаи пардохти
кӯмакпулӣ барои бекорӣ; -
бо роҳи фиреб гирифтани кӯмакпулӣ барои бекорӣ;
-
ҳангоми бо қарори суд дар шакли маҳрум шудан аз
озодӣ ё табобати маҷбурӣ ҷазо гирифтани шахси бекоре,
ки кӯмакпулӣ мегирад; -
мувофиқи қонунгузории нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани нафақа аз рӯи синну сол ва барои
хизмати дарозмуддат; -
ҳангоми ҷалб намудан ба корҳои ҷамъиятӣ;
-
дар давраи бекорӣ аз ду пешниҳоди ҷойи кории ба ихтисос мувофиқ даст кашидан.
Пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ мумкин аст ба мӯҳлати то се моҳ дар мавридиҳои зерин боздошта шавад:
-
ба аз навбақайдгирӣ омадани шахси бекор дар ҳолати мастӣ, ки бо сабаби истеъмоли машрубот, маводи
нашҳадор ва дигар моддаҳои мадҳушкунанда ба вуҷуд
омада, бо ҳуҷҷатҳои дахлдор собит гаштааст; -
ба кори муваққатӣ ё ба кори рӯзи ҳафтаи (кори аз)
кӯтоҳ бе огоҳкунии мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ
машғул шудани шахси бекор; -
аз ҷониби шахси бекор вайрон кардани шартҳои бақайдгирӣ ва аз навбақайдгирӣ ҳамчун шахси бекор.
Боздоштани пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ аз рӯзи ояндаи баъди маротибаи охирин барои аз нав бақайдгирӣ омадани шахси бекор, амалӣ мегардад.
Давраи боздошта шудани пардохти кӯмакпулӣ барои
бекорӣ ба давраи умумии додани кӯмакпулӣ барои бекорӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор