Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса

Мо ба ИЛ-18 савор шуда ба ҳаҷ меравем. Мо ҳамагӣ 18 нафарем: 17 нафар муллоҳои имом, хатиб, мударрис ва мутаваллӣ, ҳаждаҳуминаш бандаи фақир, духтури терапевт. Ба ибораи дигар гӯем, 17 нафар ходими дин ва миёни мурдаҳо шаҳид, як нафар намояндаи илм.
Ҳар сол дар арафаи иди қурбон як гурӯҳ мусулмонон ба зиёрати Макка ва Мадина мераванд ва ба савоби ин саёҳат гуноҳҳои худро дар он ҷо партофта унвони ҳоҷиро бардошта меоянд. Ҳар сол ба эшон як ё ду нафар духтур ҳамроҳӣ мекунад. Имсол мебоист духтури дигар ҳамсафари ҳоҷиҳо мешуд. Аммо ӯ дар айни арафаи сафар худаш нотоб шудааст.
Ноомади кори он бечора сабаб шуду маро шарафи ҳамроҳӣ кардан ба барҷастатарин намояндагони мусулмонҳои мамлакат насиб гардид.
Дар самолёт ба ғайр аз мо тахмин сӣ нафар артистони сирки Хитой, ки барои гастрол ба Судон равонаанд, боз чанд нафар судониҳо, боқимондагон – мутахассисони советӣ ва аҷнабиёне, ки то Қоҳира мераванд.
Қариби соати сеи саҳар аз аэропорти Шереметево парвоз кардем. Ҳоло самолёт ба баландии даҳ ҳазор метр баромада гирифтааст. Аз тирезачаҳои гирда фақат осмони тираи пурситора менамояд.
Дар паҳлуи ман мутаваллии масҷидҳои Уфа Исрофил нишастааст. Дар бадали панҷ рӯзи пеш аз сафар, ки мо, ҳоҷиёни оянда, дар як ҷо мезистем, дар байни ману Исрофил қаробате пайдо шуд.
– Духтур, номи шумо чист? – пурсид ӯ худи рӯзи якум.
– Қурбон, – гуфтам ман.
– Қурбон, Қурбон… – такрор кард ӯ. – Номи хуб, номи ид, нағз дар ёд мемонад. Номи ман Исрофил.

аз 247
навбатӣ