Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър

СОЛИКИ СУЛУКИ
АҚЛИ БУНАФШ

(Нигоҳе ба корномаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ)

Ошноии ман бо Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ дар замоне иттифоқ афтод, ки ман ҳанӯз донишҷӯи донишгоҳ будам. Номи эшонро шунида ва ашъорашонро хонда будам, аммо ошноӣ неъмати дигаре буд. Ва дере ҳам нагузашт, ки дар соли 2005 як давраи таҷрубаомӯзиро дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон сипарӣ кардам ва ин фурсати бисёр хубе барои ошноии ҳар чӣ наздиктари ман бо ин марди фарҳехта буд. Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ дар он замон ба унвони сармутарҷим ва сардабири маҷаллаи илмӣ-фарҳангии Ройзании фарҳангии Сафорат – “Сино” ифои вазифа менамуданд. Иттифоқан, чанд рӯз дар бахши фарҳангӣ саъодати ҳамкорӣ ва шогирдии эшон ҳам муяссар гашт.
Дар ин муддат Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизиро бештар шинохтам: инсоне ҳамеша дар такопӯ ва ҷустуҷӯ, марде зоҳиран ором, аммо ботинан уқёнусе пуртӯфон, устоде бисёр сахтгиру сахткӯш, вале ҳамчунон бисёр меҳрубону самимӣ, ҳамкоре интиқодгаро, вале ҳамчунон ҳамдилу ҳамназар... Ҳоло, намехоҳам фазилатҳои ин устод ва дӯсти меҳрубонамро, ки ҳамеша бо ҳастияшон ифтихор дошта ва ҳузурашонро мояи саодат донистаам, инҷо якояк бишуморам. Беҳтар аст, таърихчаи корномаи адабӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ин марди соҳибназар ва соҳибмактабро на танҳо дар ҳунари шоирӣ, балки ҳамчунон дар илмҳои адабиёт ва фалсафаву тасаввуф, бори дигар бо ҳам мурур бикунем:

аз 151
навбатӣ