Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Қадам дар ҳақиқат дароз. Ва чизи аз ҳама бад медидагиам... пиёз аст. Бинобар ҳамин шарикҳоям дар ҳаққи банда байт мондаанд:
Риёз, Риёз,
Иқа, наёз!
Хўроки ту-
Пўсти пиёз...
Модарам Ибодат ном дорад. Вай мудири магазин аст. Ким-чанд сол пеш ким кадом як мактаби махсусро хатм карда, ба ҳамин касб соҳиб шудагӣ. Агар як занаки миёнақади нимфарбеҳи кокулкўтоҳи бодомқавоқро хаёлан тасаввур карда тавонед, модари маро дидагӣ барин мешавед. Ин занаки шофпанҷа доимо бурро-бурро, ҳатто бо овози баланди андаке гўшхарош, гап мезанад ва ҳамсояҳо мегўянд, ки ба вай аз очааш фақат ана ҳамин дастҷунбонию сахтгапӣ мерос мондааст.
Ба ин сифатҳо боз як иловачаро мўҳраи марҷон барин кашол кардан мумкин аст: азбаски дар деҳаи мо занҳои маълумотдор, яъне калламағз, ангуштшуморанд, модарам ба худаш хос савлате дораду доим ду даст ба тахтапушт ҳалқа партофта, мурғобивор роҳ мегардад.
Падарам—Саттор, баръакси завҷааш, тамоман одами дигар ва аз олами дигар аст. Ин мардаки пастаки сиёҳаки харобаки бузриш алавмони ҳаммом буда, паст-пасту содда-содда гап мезанад ва суп-сурх бесавод асту ҳатто номашро навишта наметавонад. Ба сарбории ҳамаи ин вай чунон қобилу гапдаро, ки мондан гиред, рафту ягон бачача кор фармояд ҳам, «хуб шудааст» гўён амри ўро иҷро мекунад.
Ин ноҷўрӣ дар хонадонамон нақши худро гузоштааст. Модарам лаҷоми зиндагиро дар панҷаи худ маҳкам нигоҳ медорад. Тамоми хариду фурўш, доду гирифт ва дигар муомилот тани вай аст. Азбаски ману падарам дастнигарем, ҳар он чӣ маликабону гўяд, бе ягон қилу қол иҷро мекунем.
Акнун як-ду сухан дар бораи хешовандҳо. Намедонам хуб аст ё бад, ба ҳар ҳол, хешу табори мо аз мўи сар бисёр нест. Зеро падарам низ фарзанди яккаву ягона асту азбаски падару модари он кас ким-кайҳо аз сарҳади ин олам ба он тараф гузашта рафтаанд, ман авлоди падарӣ (момо, бобо, амма, амак) надорам. Дар ин масъала боз дасти модарам болост, вай як хоҳари хушрўи чор кас мешинохтагӣ дорад.

пешина
аз 80
навбатӣ