Гаҳворабахш

— Наход? Э, муборак шавад! Бале, Ғафурбой! Ба очаат ҳам бале!— падарам аз рўи одати деринаи худ ба ҷои калимаи «офарин» «бале»-ро фаровон истифода бурда, киссаҳояшро бардурўғ кофт-кофту азбаски ҳеҷ чи наёфт, узромез гуфт: — Оббо, пули майда набудааст-ку Ғафурбой. Хайр, ин дафъа очаат бача кунад, пули ҳар дуяша якҷоя мегирӣ. Ҳоли ҳозир ҳамун пули холаат додагӣ аз нуми ҳар дуямо. Ба киссаи чуқурат андоз, мабодо гум нашавад!
— Ғафурҷон ҳамин қадар хабари хуш овард, мардак, вайро хурсанд кардан даркор! —гўён модарам аз кисааш боз якчанд тангаи зардак баровард. — Ма, шери хола, инаш шодиёнаи амакат. Акнун гўй, ки меҳмони нав писарак ё духтарча?
— Духтарак...
— Ҳай-ҳай, хости дили худам шудааст-дия! Бигзор решаи умраш дароз бошаду хушбахту хушрўз шавад!
— Ҳуй, занак; чува ин қадар шодӣ мекунӣ!? Духтар ҳам мол шуд-у...
Агар писар мебуд, кирои шодмунӣ мешуд даррав тўю бузкашӣ мекардем...
— Ман дар чӣ хаёлу мардак дар чи хаёл! О, ман шабу рўз талабу илтиҷо мекардам, ки ин дафъа хоҳарам як духтарчаи дўстрўяк таваллуд кунаду вайро тезҳол ба писарамон гаҳворабахш карда, риштаи авлодамонро мазбут бандем. Хайрият хости дилам муҷро шуд!
—Холаи чеҳрахандон аз шавқу шодӣ гул-гул шукуфта, аз киса боз як каф танга баровард. — Ма, Ғафурҷон, ана инаш барои дубора хурсанд карданат! Акнун раву аз Риёзбек, аз почоят ҳам шодиёна гир!
Бе ягон гапу калочаи зиёдатӣ коғазпечи қандро тарафи Ғафур дароз кардам. Бовар доштам, ки вай фақат ҳаққи худашро мегирад. Аммо Ғафур чанг зада, исту бисти қоғазпечро гирифту чорхез зада, аз ҳавлӣ бадар рафт. Ман бо чашми пуробу дили кашол аз қафояш нигариста, кунда барин меистодам ва агар модарам намешуд, ҳунгос зада гиря мекардам. Вай маро озод аз замип бардошта, аввал ачӣ-мучӣ кард (ин ибораи хонагии мост ва шакли дурусташ чунин аст, маро ба оғўш кашида, аз рўйҳоям гарм-гарм бўсид) ва сипас мисли булбули хушхон ба нағмапардозӣ даромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё