Зеҳн
Робиъаи Балхӣ

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 28 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳорис Бектош ном ғуломи турк дошт ва ба ӯ вазифаи хазинадориро супорида буд. Боре баҳорон дар айвони шоҳӣ базм ороста буданд.
Робиъа ба боми қаср баромада, аҳли базмро тамошо мекунад ва ҷавони зебо – Бектошро дида, ба вай ошиқ мешавад. Вай сирри худро пинҳон медорад, вале аз ғами ишқ бемор мешавад. Табибро даъват мекунанд, вале сабаби бемории ӯро ёфта наметавонанд. Робиъа сирри худро пинҳон карда натавониста, ба дояи худ мегӯяд ва ба воситаи ӯ ба Бектош нома навишта, сураташро ҳамроҳ мефиристад. Бектош бо як дидани сурат ошиқи беқарор мешавад ва ба востаи доя ҷавоби шифоҳӣ мефиристад. Робиъаи ошиқ ҳиссиёти самимӣ ва ошиқонаи худро дар ашъораш ифода намуда, ба дӯстдоштаи худ мефиристад.
Боре ошиқон дар даҳлези қаср вомехӯранд ва Бектош лаби домани Робиъаро медорад, вале ӯ азбаски ошиқи пок буд, аз ин густохӣ ва ҷуръати ғулом ба қаҳр омада, доманашро сахт кашида меравад. Бо вуҷуди ин муъомилаи хашин Бектош беш аз пеш ошиқи шайдои ӯ мегардад. Худи Робиъа ҳам дар оташи ишқ месӯхт ва ашъори дилсӯз менавишт ва ба ӯ мефиристад. Ҳамин тавр қиссаи ошиқии ду дилдода идома пайдо мекунад…

пешина
аз 28
навбатӣ