АСОСҲОИ АЛГОРИТМ ВА БАРНОМАСОЗӢ БО ЗАБОНИ PYTHON

Чунин сохтор имкон медиҳад, ки алгоритм вобаста ба додаҳои воридшуда қарорҳои гуногунро қабул ва иҷро намояд.
Алгоритми даврӣ барои такроран иҷро кардани як амал ё маҷмӯи амалҳо истифода мешавад. Такроршавӣ метавонад миқдори муайяни маротиба ё то иҷро шудани шарти муқарраршуда идома ёбад. Истифодаи даврҳо ҳаҷми алгоритм ва барномаро кам карда, раванди коркарди додаҳои зиёдро осон мегардонад.
Дар амал алгоритмҳои мураккаб одатан аз омезиши сохторҳои хаттӣ, шоханок ва даврӣ таркиб меёбанд. Ин сохторҳо асоси барномасозии сохториро ташкил дода, барои таҳияи барномаҳои фаҳмо, самаранок ва боэътимод аҳаммияти муҳим доранд.
Шаклҳо ва аломатҳои стандартии блок-схемаи алгоритм Муҳаммад ибни Мусои Хоразмӣ (тақрибан солҳои 780–850) донишманди барҷастаи тоҷик буда, яке аз поягузорони илми алгоритм ба ҳисоб меравад. Ӯ усулҳои пайдарпай ва дақиқи ҳалли масъалаҳои ҳисобиро пешниҳод кардааст.
Истилоҳи «алгоритм» аз шакли лотинишудаи номи Хоразмӣ «Algoritmi» пайдо шудааст. Асарҳои ӯ дар рушди математика, алгебра ва илми информатика нақши бунёдӣ гузоштаанд.
Китоби Хоразмӣ оид ба ҳисоб бо рақамҳои ҳиндӣ ба паҳн гардидани низоми даҳӣ ва истифодаи рақами сифр мусоидат кардааст. Ҳамчунин, истилоҳи «алгебра» аз номи асари машҳури ӯ «Ал-ҷабр ва-л-муқобала» сарчашма мегирад.
Аз ин рӯ, Хоразмӣ на танҳо поягузори илми алгоритм, балки яке аз бунёдгузорони алгебра ва заминагузорони илми информатика низ ба шумор меравад.
Дар замони муосир технологияҳои иттилоотӣ доираи истифодаи алгоритмҳоро хеле васеъ кардаанд. Бо пайдоиши компютерҳои шахсӣ, смартфонҳо ва шабакаи интернет бисёр амалҳои рӯзмарра тавассути алгоритмҳо ба таври худкор иҷро мешаванд. Коркарди матн, гурӯҳбандии файлҳо, ҷустуҷӯи иттилоот, тавсияҳои филму мусиқӣ, омӯзиши мошинӣ, шинохти чеҳра дар аксҳо ва тарҷумаи автоматӣ аз ҷумлаи чунин амалҳо мебошанд. Ҳамин тавр, ғояҳои илмии Хоразмӣ имрӯз дар барномасозӣ, зеҳни сунъӣ ва қариб тамоми технологияҳои рақамӣ татбиқ мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё